Зарнисор: Оби ҷонбахш омад!...

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои боир, махсусан, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин чора ва тадбирҳои амалӣ андешанд.

Тавре маълум аст, дар шаҳри Истаравшан тайи чанд соли охир ҷиҳати истифодаи самараноки замин, корам намудани заминҳои бекорхобидаи киштбоб ва аз ҳамин ҳисоб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба амалигардонии яке аз самтҳои барномаи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Обшор ва ба гардиши кишоварзӣ фаро гирифтани заминҳои мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан аз зумраи чунин тадбирҳост, ки ҳам барои афзун гаштани маҳсулоти кишоварзиву фаровонии дастархони мардум, ҳам таъсиси садҳо хоҷагии деҳқонӣ ва бо ҷойи кор таъмин гаштани сокинон мусоидат мекунад.

…Дар мавзеи Сексарии шаҳр соли 2017 аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва набудани соҳиби ин заминҳо 1279 гектар замин, аз он ҷумла 716 гектар замини захираи махсус ва 563 гектар замини захираи давлатӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд. Дар ин мавзеъ, умуман 5929,9 гектар замин мавҷуд буда, аз он 3299,8 гектараш замини корам мебошад.

Баҳри обшор ва бо кишти зироатҳо фаро гирифтани ин заминҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмиру тармими каналҳои обгузар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳо ба роҳ монда шуданд.

ҳини сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳи обкашии ин мавзеъро мавриди баҳрабардории кишоварзон қарор доданд. Имрӯз аллакай заминҳо обшор, кишти зироатҳо гузаронида шуда истодааст.

Дар ин мавзеъ, чунонки сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Тоҳир Абдувоҳидов изҳор дошт, алҳол 500 хоҷагии кишоварзӣ фаъолият бурда, дар истифодаи онҳо зиёда аз 2020 гектар замини корами обӣ қарор дорад. Акнун, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин дашти ташналаб оби ҷонбахш омад, имрӯз вобастакунии замин ба мардум бомаром идома дорад. Барҳақ, ҷое об ҳаст, албатта, ободонӣ мешавад. Ҳоло кишти зироатҳо босуръат ҷараён дошта, то имрӯз ғалладонагиҳо, аз ҷумла дар 1615 гектар гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, мош, арзан, дар 131,7 гектар зироатҳои техникӣ, дар 202 гектар сабзавот, аз он ҷумла 178 гектар пиёз, 45 гектар ҷуворимакка барои дон, 185 гектар полезиҳо ва 165 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуд. Кишти зироатҳо алҳол идома дорад ва беназардошти заминҳои захирашуда кишти баҳорӣ бештар аз 89 фоиз ба анҷом расонида шудааст, - гуфт сардори раёсати кишоварзӣ.

- Чанд фурсат мегузараду ин мавзеъ, ки бо ибтикори Пешвои миллат Зарнисор номгузорӣ гардид, мувофиқи номаш ба макони ободу сарсабз, сердолударахт ва саҳрои доманфарохи зироатҳои кишоварзиву меваву сабзавот тадбил мегардад. Зеро, чунонки олимони соҳа муқаррар намудаанд, хоки ин замин ҳосилхез, иқлимаш ба равнақ додани соҳаи кишоварзӣ, парвариши зироатҳо, бахусус ғалладонагӣ, полезиву сабзавот хеле мувофиқ буда, баҳри рушди соҳаи чорводорӣ бо кишти зироатҳои хӯроки чорво имкониятҳои фаровон дорад.

Имрӯз дар заминҳои корамшудаи ин мавзеъ мардум баҳри ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар ҷаҳду талош доранд.

Ҳини мавриди баҳрабардорӣ қарор додани пойгоҳи обкашии мавзеи Сексарӣ Президенти мамлакат ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд. Тавре сардори раёсати кишоварзӣ иттилоъ дод, то имрӯз дар 17 гектар боғу ток бунёд, аз ҷумла дар 3 гектар себҳои сурхи навъи «Ситораи кӯҳистон», 2 гектар себи «Беназир», 2 гектар навъи «Зарринтоб», 2,5 гектар олуи навъи «Гурдаолу», 3,5 гектар навъи олуи «Нилуфар», токи ангури навъҳои тоифии нимранг, ҳусайнӣ ва кишмиши сиёҳ, дар боқимонда замин олуи сиёҳ шинонида оби нашъунамо дода шудааст. Бунёди боғ идома дорад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh