Мубориза бо коррупсия - тақозои замон

Дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» бо иштироки сарварони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, муовинони директор ва дигар кормандони соҳа мулоқот баргузор гардид.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Зоирӣ Ғафурҷон Маҳмудзода ифтитоҳ гардид.

Вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода маърӯза намуд.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Ҷамолиддин Насриддинзода роҷеъ ба тадбирҳои андешида дар самти муқовимат бо коррупсия дар соҳаи маориф, сармутахассис оид ба масъалаҳои маъмурӣ - ҳуқуқии дастгоҳи раиси шаҳр Камолиддин Миркамолов дар бобати роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳои марбут ба коррупсия сухан ронданд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh