Таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ

5 майи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони як қатор сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Ба Раиси вилоят 69 нафар сокинони шаҳр бо арзу дархости хеш бобати ҳалли масъалаҳои мухталиф муроҷиат намуданд.

Боиси зикр аст, ки имрӯз мардум бештар ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд. Чунончӣ, дар қабули шаҳрвандони шаҳри Истаравшан ба Раиси вилоят аксари муроҷиаткунандагон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла дастрасӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, бунёди муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, таъмиру тармими роҳҳои мошингард ва ғайраҳо арзу дархост пешниҳод карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода натиҷаҳои қабули шаҳрвандонро баррасӣ вабаҳри ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда масъулинро муваззаф намуд.

- Ба ҳаллу баррасии масъалаҳои пешниҳодшуда бояд масъулини шаҳр мусоидат мекарданд, - таъкид дошт Раиси вилоят. - Вале, бинобар беэътиборию кашолкории масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сокинон ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд.Ҳамзамон, Раиси вилоят масъулини шаҳрро вазифадор сохт, ки  ҷиҳати саривақт ва босифат мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиатҳои шаҳрвандон   корбариро ҷоннок намоянд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh