Милитсия таъмингари осоиштагии сокинон

Дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич 98 нафар собиқадорони соҳа дар қайд мебошанд, ки асоси Шӯрои собиқадоронро ташкил медиҳад. Дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии ҷараёнгирифта, фаъолияти шӯро мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре аён аст, осудагию оромии Ватан, пешгирии қонуншиканиҳо ва дигар чораҳои татбиқи қонунҳои амалкунанда ба зиммаи кормандони корҳои дохилӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар солҳои аввали истиқлолият садҳо кормандони милитсия барои ҳифзи ҳукумати конститутсионӣ сина сипар карданд, дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаву зумрае ҷароҳат гирифтанд. Аз ҷумла Авазҷон Насриев, Ҳусейн Баротов, Ҳикматулло Ҷамолов, ки дар шуъбаи дар Деваштич будаи Вазорати корҳои дохилӣ кор мекарданд, дар ҳамин муборизаҳо қаҳрамонон ҳалок шуданд ва имрӯз барои абадӣ гардондани хотираи онҳо як қатор кӯчаю муассисаҳои таълимӣ ба номи онҳо гузошта шудааст.

Дар ҷаласаи ҳисоботи интихоботии Шӯрои собиқадорон, ки таҳти роҳбарии раиси Раёсати Шӯрои собиқадорони кормандони милитсияи вилояти Суғд, полковники мустаъфӣ Алиҷон Ҳайдаров ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Даврон Эргашев ҷараён гирифт,  қайд гардид, ки давоми соли 2016 барои дастгирии моддии собиқадорони 5000 сомонӣ харҷ шуда бошад, соли гузашта ин рақам 7200 сомониро ташкил дод. Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба сухан баромада, баҳри беҳбудии фаъолияти Шуро фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намудани ва дар ҷамъбаст аз номи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ сипоснома ба Шӯрои собиқадорон супорида шуд. 

С.Саидов
роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh