Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз раванди корҳои таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаи Саид Валиеви маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати босифат иҷро намудани корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳо дод. Қобили зикр аст, ки роҳи мазкур дар асоси муроҷиатҳои сокинон, ки тавассути барномаи иртиботии “Вайбер” ба унвони Раиси вилоят ворид гардида буд, ба таҷдид фаро гирифта шуд.

Роҳбари вилоят бо гуруҳи калони сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана ва роҳбарони корхонаҳои ин маҳал суҳбат намуда, таъкид намуд, ки бо эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Хуҷанд низ баанҷомрасонии як қатор корҳои ободониву бунёдкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади ба талаботи замони муосири шаҳрсозӣ ҷавобгӯ гардонидани роҳҳои канории шаҳр ва хиёбонҳои асосии маркази вилоят таҷдиду азнавсозӣ, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои зарурӣ амаалӣ карда мешавад. Ба ин амали хайр бояд соҳибкорону мардуми маҳал низ сааҳмгузорӣ намуда, кӯча, маҳалла ва шаҳри хешро якдилона ободу хуррам намоянд.

Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати расидагӣ намудан ба мушкилоти сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маъракаи мумфаршкунии кӯчаи ба номи И. Репини хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ҳусни оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки сокинони маҳалла 270 метр масофаи кӯчаи хешро тариқи ҳашар ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мумфарш намуда истодаанд. Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдоми сокинони маҳалларо тадбири шоиста унвон намуда, ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки бо ҷалби идораву ташкилот ва сокинони маҳаллаҳо чунин амалҳои хайрхоҳона идома дода шавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд 164,9 км роҳҳои автомобилгард, 318 ҳазор метри тўлонӣ роҳрав, 175,9 ҳазор метри тўлонӣ ҷўйборҳо ва 2 адад кўпрук вуҷуд дорад. Бо мақсади ба талаботи муосир ҷавобгўй гардонидани роҳҳо, дар ин давра зиёда аз 5 километр таъмиру барқарорсозии ҷўйборҳо ва деворчаҳои бетонии қадди роҳҳо ба сомон расонида шуданд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кўчаю хиёбонҳо ва 20,0 км. роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар обутобгоҳи соҳили рости дарёи Сир аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи асосии корҳои ободонӣ дар обутобгоҳ ба анҷом расида, корҳои боқимонда бомаром идома дорад. Роҳбари вилоят ба масъулини дахлдор ҷиҳати андешидани табдирҳои иловагии бехатарии истироҳату оббозии шаҳрвандон дар маҳал, васеъ намудани мавзеъи мазкур, ба талаботи санитарию гигиенӣ ва шаҳрнишинӣ ҷавобгӯ намудани он дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Таъкид шуд, ки обутобгоҳ барои тамоми мардум дастрас ва то оғози мавсим мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh