Шаҳристон: Дар ростои соли сайёҳӣ

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳия

7 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафари корӣ анҷом дод. Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-ум ба номи Улуғбек Холбоев шинос шуд. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нарзулло - 2008» мебошад.

Шароити хуб - кафолати таъмини сифати таҳсил

Бояд гуфт, ки то имрӯз хонандагони деҳа дар ду синфхонаи мактаби садамавӣ, ки соли 1932 тариқи ҳашар сохта шуда буд, таълим мегирифтанд. Бо мурури замон зиёдшавии аҳолӣ ва афзоиши хонандагон имкон дод, ки шумораи синфхонаҳо ба 12 адад расида, дар ду баст 191 нафар толибилм таълим мегирифтанд. Аз сабаби он ки шароити таълимгоҳ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд, дар назди муассиса сохтмони бинои дуошёна бо 8 синфхона ва утоқи корӣ барои омӯзгорон ҷараён дорад.

Дар бинои нави таълимӣ айни замон корҳои рангуборкунӣ, панҷарабандии гирду атрофи муассиса, шинонидани гулу дарахтони ороишӣ бомаром идома дошта, дар назар аст, ки бинои нави муассисаи таълимӣ то иди Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад. Ҷоиз ба қайд аст, ки муассиса барои таҳсили 240 нафар талаба ба таври замонавӣ сохта шуда, дорои системаи мутамаркази гармидиҳӣ мебошад.

Зимни боздид аз муассиса Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ба корҳои ободонии гирду атрофи муассиса, аз ҷумла чароғонкунӣ ва деворбандии атрофи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки китобхонаи электронӣ, синфхонаҳои компутерӣ, утоқҳои химияву физика бо тамоми лавозимот ҷиҳозонида шавад. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар саҳни мактаб Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 12 метр сохта шавад.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи имрӯзаи бинои кунунии муассиса шинос шуда, дар дарсҳои таълимӣ ва раванди донишазхудкунии хонандагон иштирок намуд.

Ҳамзамон, Раиси вилоят аз бинои ошхонаи мактаб ва толори варзишӣ низ дидан намуда, дастур дод, ки он ба таври замонавӣ сохта шавад.

Дар идомаи сафар Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёди бинои нави дуошёнаи парваришгоҳи наздимактабии ба номи Додоҷон Бойматови ноҳия шинос гардида, ба масъулин супориш дод, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, ба ободонии атроф низ эътибор диҳанд. Бояд гуфт, ки бинои парваришгоҳ барои 50 нафар пешбинӣ гардида, дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят масъулинро вазифадор кард, ки дар паҳлӯи бино ду майдончаи варзишӣ, барои бозии волейбол ва баскетбол сохта, ба истифода дода шавад.

Воситаи арзёбии маърифат

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмони Қасри фарҳанг, ки дар маркази ноҳия бунёд мешавад, шинос гардид.

Қасри фарҳанг дар рӯ ба рӯйи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба таври замонавӣ сохта шуда, мувофиқи лоиҳа дорои 600 ҷойи нишаст мебошад. Кормандони бахши ҷавонон ва варзиш, инчунин бахши фарҳанг бо беҳтарин шароити корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят қайд намуд, ки рӯз аз рӯз маркази ноҳия ва дар маҷмӯъ ноҳияи Шаҳристон ободу зебо гардида истодааст. Бунёди Қасри фарҳанг ба симои ноҳия ҳусни дигар зам хоҳад кард.

Баҳри беҳбудии сатҳу сифати таълим

Зимни сафари корӣ Раиси вилоят аз корҳои сохтмонии бинои бунёдшавандаи Беморхонаи марказӣ дидан намуд. Бино ба гуфти Алиҷон Абдуназаров - менеҷери госпитали ноҳия Беморхонаи марказӣ дар базаи Беморхонаи минтақавии Шаҳристон баъд аз ташкил шудани ноҳия соли 1991 таъсис дода шудааст. Он дорои 165 кат буда, дар замони Иттифоқи Шӯравӣ сохта шуда, аз 6 шуъба иборат мебошад.

Дар давраи Истиқлолият шуъбаҳои амрози дарунӣ, бачагона ва таваллуд бунёд ёфта, бинобар номувофиқ будани шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ зарурати сохтмони биноҳои нав пеш омадааст.

Аз ин рӯ, маъмурияти беморхона зарур донист, ки барои беҳбудии саломатии мардум дар назди бинои беморхона шуъбаҳои ҷарроҳиву эҳё ва ҳуҷраҳои ёрирасонро ташкил намояд. Бинои нави сохташаванда дуошёна ва дорои таҳхона буда, дар 64 ҳуҷра дар як вақт 46 нафар бемор бистарӣ карда мешавад. Дар шуъбаи ҷарроҳӣ ҳамаи намуди амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда, барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Дар рафти шиносоӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавриди зикр аст, ки сохтмони ин иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати ободу зебо намудани гирду атрофи бино ба масъулин супориш дода шуд, ки ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида, атрофи он панҷарабандӣ, даромадгоҳ мумфарш ва саҳни он чароғон карда шавад.

Варзишгоҳ бояд намунавӣ гардад

Ҳамзамон, дар ҷараёни сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳия ташриф оварда, аз варзишгоҳи он дидан намуд.

Бояд гуфт, ки варзишгоҳ дорои 2500 ҷойи нишаст буда, дар доираи «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ва ба истиқболи иди Ваҳдати миллӣ ободу зебо ва ба талабот мутобиқ мегардад. Раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои ободу зебо гаштани варзишгоҳ то ҷашни таърихӣ корҳои ободониро вусъат бахшида, ҳамзамон бобати таъмиру тармими роҳҳои маркази ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Маҳсулоти худӣ беҳтар аст!

Раиси вилоят ҳамзамон аз Кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон», ки ба боғдориву картошкапарварӣ машғул аст, боздид намуд.

Бояд зикр дошт, ки ноҳия дар масири роҳи бузурги Абрешим қарор дорад, маҳсулоти деҳқонон бозоргир мебошад.

Бунёди боғи интенсивии муосир дар масоҳати 8 гектар дар ноҳия, ки дар он ниҳолҳои себ шинонида шудааст, яке аз таҷрибаҳои судманд дар самти иҷрои Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад.

Зиёда аз 14 ҳазор бех ниҳоли боғи мазкур аз шаҳри Турсунзода оварда шудааст, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст. Нақшаи кишти картошка дар кооператив 75 гектар буда, имрӯз дар байни боғҳо кишти картошка ва зироати лубиёӣ гузаронида шудааст.

Зимни боздид Раиси вилоят ба масъулини соҳа супориш дод, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пеш истода дар шафати роҳҳои ноҳия гулҳои навъи маҳаллиро шинонанд.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз Раиси вилоят аз корҳои сохтмонии ду сардхона барои захираи 400 тонна картошка ва як сардхона барои ғаллаи Кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» дидан намуд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти кооператив супориш дод, ки ба таъмиру тармими бинои сардхонаҳо эътибори махсус зоҳир намоянд.

Бино намоихос дошта бошад

Дар хотимаи сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои Маркази адлияи ноҳия дидан намуд. Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонии бинои мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбист. Фармоишгари он Раёсати адлияи вилоят ва пудратчӣ ҶДММ «Нигина» мебошанд.

Ҳангоми боздид Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ ва рангубор, ободии гирду атроф ва саҳни бино изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

Add comment


Security code
Refresh