Сарбози Ватан

Дар ҷанги дуюми ҷаҳон, ки аз ҷумлаи бузургтарин фоҷиаҳои башарият унвон мешавад, мардуми шарафманди Тоҷикистон низ қатори дигар халқҳо ба муқобили фашизм мубориза бурдаанд. ҳазорҳо ҷавони меҳандӯсту ватанпараст дар майдони набардҳои беамон бо адӯ мубориза бурдаву ғалаба ба даст овардаанд.

Яке аз чунин ҷавонони далеру шуҷоъ, ки дар ин ҷанг корнамоиҳои зиёд нишон додааст, Ҷӯра Ҳамдам мебошад. Ин марди шарифу фурӯтан, ватандору ватандӯст соли 1923 дар деҳаи Қалъаи дӯсти ноҳияи Деваштич чашм ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Овони наврасӣ ҷасуру далеру нотарс буду нисбат ба ҳамсолонаш зираку ҳушёр, аз зодгоҳ ва мардуми сарбаландаш он меболиду аввалин таронаву шеърҳояшро дар васфи ёру диёр ва азизони хеш эҷод мекард. ҳама дар деҳ ба ӯ муносибати хеле гарму самимона доштанду шоир ном мебурданд, дар дил орзуву ниятҳои нек мепарварид. Мехост баъди адои хизмати ҳарбӣ роҳи илму эҷодро пеша намояд.

Аммо ҷанги хонумонсӯз нақшаҳои ӯро дигар сохт. Соли 1940, пеш аз оғози ҷанг Ҳамдам Ҷӯра дар хизмати ҳарбӣ қарор дошт. Як субҳ командири қисми ҳарбӣ ба сарбозон аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ хабар дод. Вай дар қатори дигар сарбозон барои ҳифзи истгоҳи барқӣ равон карда шуд. Ниҳоят вориди майдони ҷанг гардида, барои озод намудани шаҳрҳои Москва, Смоленск ва Тула ҷангид. Рӯз аз рӯз шумори ҷароҳатҳояш меафзуд, вале майдони ҷангро тарк намекарду ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт. Ҳангоми набард дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Тула фашистонро саркуб намуда, тамоми яроқу аслиҳаҳояшонро гирифтанд, аммо аз пояш тир хӯрд. Дар госпитали ҳарбӣ давоми се ҳафта табобат гирифта, ба бригадаи шашуми танкӣ ҳамроҳ шуду боз ба набардгоҳ баргашт. Соли 1942 дар майдони ҷанг боз ҷароҳат бардошта, баъди табобати семоҳа ба полки эҳтиётии шаҳри Сердобский роҳхат гирифт. Моҳи январи соли 1944 дар рафти озодкунии шаҳри Новгород ҷароҳате гирифт, ки тамоми умр аз он ранҷ мебурд ва ин сарбози Ватанро маҷрӯҳи гуруҳи I гардонид. Бо тани дардманд ба Тоҷикистон баргашту қалам бар даст гирифт.

Ман зи ҷанг арчӣ танеро дардманд овардаам,

Бар ту, насли нав, ҳаёти судманд овардаам.

Ранҷу дарде дорам арчӣ, лек меболам аз он,

Баҳри ту ман бахту иқболи баланд овардаам.

Барои ҷонбозиҳояш бо медалу унвонҳои зиёд ва ордени «Шараф» қадрдонӣ гашт. Ҳамчунин, барои хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст. Баъд аз итмоми ҷанг то нафаси вопасини умраш раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанберо дар уҳда дошт. Соли 1993 риштаи умри ӯ гусаста шуд.

Аз ӯ маҷмӯаи шеърҳо таҳти унвони «Шукрона», «Меҳри Ватан», «Синасипар», «Марди сарбоз», «Бо номи Ватан», «Сипоснома» боқӣ мондааст. Эҷодиёти шоири муборизро вақте мутолиа менамоӣ, дар умқи қалб ҳисси ватандӯстӣ бедор мегардад. Эҷодиёти ӯ ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ бахшида шудааст.

Солҳо сипарӣ мешаванд, аммо қаҳрамонию корнамоиҳои абармардони диёр ба таври ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.        

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh