Табдили номи маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Номи як зумра маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум иваз карда шуданд.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори  Маҷлиси миллӣ номи ҳашт деҳаи шаҳри Истаравшан — деҳаи Боявут ба деҳаи Сабзазор, деҳаи Тӯқузҷелак ба Ковиён, Қӯруқ ба Сеосиёб, Уяс ба  Ободдара, Уяли ба Навкат, Тошбек ба Курушкат, Тапқоқ ба Бодомзор, Обқарчағой ба деҳаи Оби зулол табдил дода шуд. Бояд зикр кард, ки ин деҳаҳо дар деҳоти Зарҳалол, Гули Сурх ва Нофароҷи шаҳри Истаравшан воқеъ мебошанд.

Инчунин деҳаҳои Янги Равот ба Работи нав, Қизилнур ба Нурафшон иваз гардиданд. Деҳаҳои мазкур дар деҳоти Пӯлотон ва  Патари шаҳри Конибодом ҷойгиранд.

Ҳамзамон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори  палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи деҳаи Тол ба Яккабед, Кичиколчали ба Арчазор, Оқкур ба  Кондара, Каттаолчали ба Олучазор, Терак ба Сафедорон, Уяс ба Оҳучашма, Қароҷингил ба Заркон, Учбоғ ба Боғи боло, деҳаи Сотсиализм ба Соҳилоб ва деҳаи Максим Горкий ба деҳаи Дашти Амин иваз карда шуданд. Деҳаҳаҳои мазкур дар деҳоти Чашмасор, Исмоил, Ёва, Хистеварз ва Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ мебошанд.

Ҳадафи табдили ном кардани маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшану Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, эҳёи номҳои ҷуғрофӣ ва таърихию бостонии маҳалҳои аҳолинишин  мебошад.

www.khovar.tj

Add comment


Security code
Refresh