Ёди он айём

Дар Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маюбон дар шаҳри Хуҷанд» баҳри ботантана ва хотирмон таҷлил гирифтани Рӯзи ғалабаи халқҳои Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии фароғатӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби деректори Марказ суханӣ табрикӣ қироат гардид. Қайд карда шуд, ки дар Марказ 2 нафар бошанда – Калинина Нина Фёдоровна ва Королёва Олга Василевна шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда маҳсуб меёбанд.

Сипас баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби донишҷӯёни факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шеъру суруд рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар рафти барномаи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби бошандагони соҳибистеъдоди Марказ Калилина Нина Фёдоровна суруди «Катюша»  ва Лудченко Любов Андреевна суруд бо номи «Ой красиви над Волгой закати» сароида шуд.

Иштирокдорон сари дастархони идона сӯҳбати дӯстона оростанд.

Маркази матбуоти Маркази
минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба
пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh