Кӯмаки Ҳилоли Аҳмар ба кӯдакони ятиму бепарастор

Аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон дар арафаи моҳи мубораки Рамазон кӯмак дастрас карда шуд. 

Зимни суханронии хеш котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода аз ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимони кулл ибрози назар намуд. 

Қайд карда шуд, ки дар ин рӯз аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ятиму бепарастор 80 адад пойафзоли мардона, 40 адад пойафзоли занона ва 104 адад сару либоси баҳорона тақдим карда шуд. Инчунин, баҳри фароғат ва истироҳати кӯдакону наврасон 1 адад телевизори муосир ҳадя гардид. 

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Даврон Муҳаммадзода низ оид ба ғамхории давлату Ҳукумат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, қайд намуд, ки бояд бо истифода аз фурсати муносиб ҷавонон илму ҳунарҳоро аз бар намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расанд.

Add comment


Security code
Refresh