Пойдории оила - солимии ҷомеа

Дар Чойхонаи миллии Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги «Арбоб» бахшида ба Рўзи байналмилалии оила ва соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфили идона баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аҳли нишастро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо Рўзи оила табрику муборакбод карда, дар бораи оила ва оиладорӣ, оила – бақои миллат, амалигардонии тадбирҳои оқилонаи давлат ва ҳукумат ҷиҳати пойдории оила ва оиладорӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ба тасвиб расидани Фармон ва дастуру супоришҳо баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии оила ва оиладорӣ андешаронӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Оила асоси ҷамъият ва ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ ва инсон ҳамчун шахсият ташаккул меёбад.

Бо назардошти ин рисолати бузурги оила, масъалаи таҳкиму ҳифзи арзишҳои оиладорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин самт пайваста аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои оқилонаву ҳадафманд андешида мешаванд. Ба тасвиб расидан ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли оила эълон намудани соли 2015», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки барои рушду таҳким ва пойдории оила, арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ равона шудаанд.

Раиси вилоят фикру андешаи хешро дар бораи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони мухталифи ҷомеа баён намуда гуфт, ки зимни мулоқот Пешвои миллат таъкид доштанд: «Мо бояд тамоми кўшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рўҳияи ватандўстиву худшиносӣ, омўхтани илму дониши муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд».

Раиси вилоят зикр намуд, ки шарти нахустини тарбияи фарзанди солеҳ мавҷудияти сафою покизагӣ, раҳму шафқат ва дўстиву дўстдорӣ миёни падару модар ва муҳити хонавода аст. Раҷаббой Аҳмадзода инчунин, дар бораи аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани соли 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар ин самт ба оилаҳои ҳунарманд дода шудани як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла, аз андозсупорӣ озод карда шудани бештар аз 105 намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки истеҳсолоташон дар хона ба роҳ монда шуда, ин ҳунармандон бо ин роҳ сатҳи зиндагии хешро баланд мебардоранд, ибрози ақида намуд.

Дар маҳфили идона оилаҳои барўманд, кормандони соҳаҳои мухталифи ҷомеа, собиқадорони меҳнат аз шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Дар анҷоми маҳфил Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳамсароне, ки дар соҳаҳои мухталиф чун оилаи намунавӣ дар рушду нумўи ҷомеа ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд, туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супурд. Суруду тарона дар иҷрои ҳофизони вилоят табъи ҳозиринро болида сохт.

 Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh