Сафари ҷавобӣ. Автобуси ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба Тошканд рафт

Рӯзи 16 май нахустин автобуси ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро, ки иборат аз намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, илму адаб ва рӯзноманигоронанд, дар Ӯзбекистон бо нону намак ва зери садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дирӯз, 15 май аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуда, ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии маркази вилоят дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар доираи сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Тошканд дидан менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh