Дар ярмаркаи вилоятии ҷойҳои холии корӣ 1500 ҷойҳои корӣ пешниҳоди сокинон шуд

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд 18 майи соли 2018 дар Регистони Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ ва намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Бояд кайд кард, ки чорабинии мазкур бо мақсади бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор гузаронида шуда, аз ҷониби ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов 1500 ҷойҳои корӣ бо маоши аз 450 то 1500 сомонӣ пешниҳод карда шуд ва нафарони бекор барои худ ҷойҳои кории муносибро интихоб намуданд.

Ҳамзамон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши маҳсули дасти ҳунармандон доир шуд, ки дар ҳунармандо маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh