Дар Дави миллӣ беш аз 96 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд

Рӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони маркази вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ дар чорабинии мазкур иштирок намуд. Қабл аз оғози Дави миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ кард ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раиси вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии варзишии Дави миллӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муташаккилона доир шуд ва дар он беш аз 96 ҳазор нафар иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh