Гулистон: Бо азми дучанд ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ

Дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва Суғдиёни шаҳри Гулистон оғоз гардид.

Нисфи дуюми рӯзи 24 майи сол равон боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон сурат гирифт, ки дар ҷараёни як қатор иншооти нав ва ҳамзамон корҳои ободонию тозакориҳо, аз ҷумла мумфаршкунии кӯчаҳои мазкур дар дарозои 4 километр ифтитоҳ ёфт. Қайд гардид, ки дар ин замина чароғонкунии замонавии кӯчаҳо, насби аломатҳо ва азнавсозии ҷӯйҳои ду канори роҳ таъмири асосӣ гузаронида мешавад.   

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарият ва масъулини соҳоти мухталиф  баҳри вусъати корҳои созандагии шаҳр вазифаҳо гузошт ва даъват намуд, ки ба истиқболи ҷашнҳои бошукӯҳи кишвар корҳои ободонӣ бо азми дучанд ва сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Сокинони шаҳр аз раванди ободкориҳо азм гирифта, бо руҳбаландӣ  изҳор доштанд, ки дар самти рушду такомули соҳоти мухалифи шаҳр саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Маъмурахон САМАДОВА

 

Add comment


Security code
Refresh