Мумфаршкунии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт

Рӯзи 25 май бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаи «Навбаҳор» ва фаъолони шаҳр иброз дошт, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси вилоят дар қаламрави вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст.

Дар доираи иқдоми мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо намуда, сохтмони иншооти гуногун ва таъмиру барқарорсозии роҳҳо ҷараён дорад. Дар ин росто дар маркази вилоят низ корҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд, ки ин шаҳри бостониро бо навоҳии Бобоҷон Ғафурову Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол пайваст менамояд, далели ин гуфтаҳост.

Таъкид гардид, ки азнавсозии роҳ аз гардишгоҳи “Наврузгоҳ” оғоз гардида, то гардишгоҳи “Ором” идома меёбад. Ҳамзамон рузҳои наздик мумфаршкунии роҳи кӯчаи 30 солагии Ғалаба ва 500 метр тангкучаи маҳаллаи "Навбаҳор" низ ба сомон расонида мешавад, ки дар маҷмӯъ наздик 5 километр роҳҳои маркази вилоят мумфарш мегардад. Корҳои таъмир ва мумфаршкуниро ширкати "Тоҷ-роуд" ба уҳда дорад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 май сурат гирифта буд, иброз дошт, ки бояд давоми се соли дарпешистода дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд.

Сокинони маҳаллаи «Навбаҳор» аз мумфарш гардидани роҳи мазкур изҳори хушнудӣ намуда, дар аснои суҳбат сипосгузории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh