Иқдоми ҷаҳонгир

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Марҳалаи нави рушди сиёсати хориҷӣ, ки боиси баланд шудани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии СММ (1 октябри соли 1999) алоқамандии бевосита дорад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд. Ҳамчунин, пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ эълон шудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» мебошад.

Ниҳоят, яке аз ташаббусҳои охирини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи об аз ҷониби аъзоёни Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки дар асоси он Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» эълон гардид. Воқеан ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон натанҳо ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар аст, балки барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Пешвои миллат бо чунин иқдомҳои худ тавонистанд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи оби тоза ҷалб намуда, ҳаллу фасли онро ба мавзӯи баррасии кишварҳои ҷаҳон табдил диҳанд.

Бунёди НОБ-и Роғун барои мардуми Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, маҳз ба кор даромадани нерӯгоҳи мазкур имкони амалӣ гардидани стратегияи давлатии расидан ба истиқлолияти энергетикиро фароҳам меорад.  

Дар партави он яке аз ташаббусҳои дигари байналмилалии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ оид ба мавзӯи об мебошад. Чунин чорабиниҳо имконияти ташрифи намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон зиёд ва лоиҳаҳои давлатиро ба сармоягузорон муаррифӣ намуд. Илова бар ин, ҳар шаҳрванди хориҷие, ки вориди Тоҷикистон мешавад, хоҳу нохоҳ ҳиссаи худро ба ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар мерасонад. Дар доираи даҳсолаи навбатӣ санаҳои 20-22 июни соли равон дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи байналмилалӣ оид ба об баргузор хоҳад гашт.

Ташаббусҳои пайдарпайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорӣ пайдо намудани онҳо аз тарафи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид барои ташаккулёбии мактаби дипломатияи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, ин иттифоқот ба инкишофи сиёсати хориҷии «Дарҳои боз» таъсири назаррас расонид.

Албатта, муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон марҳалаҳои ибтидоии худро тай менамояд ва дастгирии ташаббусҳои Роҳбари давлат ба инкишофи сиёсати хориҷӣ замина фароҳам овард, ки он дар оянда барои ҳарчӣ бештар барои тақвият додани ҳамкориҳои иқтисодии байнидавлатӣ мусоидат менамояд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
дотсенти Донишгоҳи
 давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh