Иштироки Раиси вилоят дар оғози бунёди Боғи фарҳангиву истироҳатӣ ва мумфаршкунии кӯчаи «1 Май»-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ

Дар доираи «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи ҷашни бузурги миллат  -  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегиранд.

29 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, барои бунёди боғи фарҳангиву фароғатӣ санги асос гузошт ва ҳамзамон ба мумфаршкунии кӯчаи «1 Май» ҳусни оғоз бахшид.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишвар баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараён доранд. Баҳри амалӣ шудани қарори Раиси вилоят бобати «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ бо мааром идома доранд. Бо дастгирии ҳукумати кишвар Барномаи давлатӣ ба маблағи 300 миллион доллари ИМА дар қаламрави вилоят баҳри рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт, роҳсозӣ, барқ ва ғайра қабул гардида, дар ин самт корҳо ҷараён доранд.

Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки бо дастуру супориши Пешвои миллат барои беҳбудии шароити зисту зиндагии мардум то ҷашни бузурги давлатӣ давоми се сол бояд дар ҳамаи Ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мактаб, кӯдакистонҳои садамавӣ бартараф гардида, инчунин коргоҳҳои саноатӣ, дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо тарзу услуби замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шаванд.

- Дар раванди ин иқдомҳои наҷиб имрӯз мо тасмим гирифтем, дар моҳи шарифи Рамазон дар маркази деҳа, рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангиву истироҳатӣ ҳусни оғоз бахшем. Зеро дар ин мавзеъ собиқ бинои минтақавии хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дархости сокинони деҳа тасмим гирифт, ки дар ин мавзеъ Боғи фарҳангиву фароғатӣ бунёд намояд. Дар он, аз ҷумла фаввора, майдончаи бозӣ барои кӯдакону наврасон, нишастгоҳҳои дамгирӣ бунёд ва тамоми шароит фароҳам мегардад ва ҳамроҳи пирони деҳа ба бунёди Боғ санги асос гузошт. Раҷаббой Аҳмадзода ба сарвари ҶДДМ «Барқарор» Муҳаммадҷон Аҳмадов, ки сохтмони боғро ба зимма дорад,  супориш дод, ки корҳоро бо сифати баланд то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонад.

Саидазим Атаев-имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоат, Абдусалом Маҳмудов -омӯзгор ва Холида Аҳмадова - сокини деҳа аз ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори руҳбаландӣ намуда, барои чунин ғамхориву дастгирӣ ва амали нек ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзу сипоси сокинонро баён намуданд. Изҳор доштанд, ки сокинони Ҷамоат дар ҷавоби ин ғамхориҳо дар рушду нумуи кишвар саҳми хешро мегузоранд.

Инчунин Раиси вилоят дар оғози мумфаршкунии кучаи «1 Май»-и Ҷамоат таъкид дошт, ки имрӯзҳо корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят босуръат ҷараён доранд.

Бояд гуфт, ки кӯчаи «1 Май» наздик 1 километр дарозӣ дошта, он солҳои зиёд руи таъмирро надида буд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят он аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо паҳнои 6 метр пурра мумфарш карда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳсозон супориш дод, ки ба сатҳу сифати кор эътибори ҷиддӣ диҳанд, то ки ин роҳ солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат расонад. 

Абдуғафур АМИНЗОДА,
мухбири «Ҳақиқати Суғд»

 

 
 
 

Add comment


Security code
Refresh