Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом

29 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, ба корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо оғоз бахшид.

Дар ин рӯз мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои ба номи Мамадхӯҷа Олимов, Латифҷон Ҳасанов ва кӯчаи Мири шаҳр шурӯъ шуд. Раиси вилоят қабл аз оғози корҳо бо сокинони шаҳр суҳбатҳо намуда, аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдоварӣ кард. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Конибодом корҳои бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Қайд карда шуд, ки соли равон мардуми сарбаланди мамлакат 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад ва чорабинии ҷумҳуриявии Иди Ваҳдат дар шаҳри Конибодом доир мешавад. Аз ин рӯ, мардуми шаҳри бостониро зарур аст, ки барои ободу зебо намудани маҳалли зисти худ камари ҳиммат банданд.

Раиси вилоят илова намуд, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳо ва деҳаҳои калони шаҳру ноҳияҳо бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳо таъсис дода мешавад ва соҳибкорону саховатмандон бояд дар иҷрои амалҳои нек ва бунёди чунин иншоот фаъол бошанд.

Сипас, чанде аз сокинон аз ҷумла Моҳиҷон Тӯхтабоева, Тӯтӣ Шарипова, Ғафурҷон Ҳакимов ва хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 Шукрона Абдуллоева сухан гуфта, миннатдории мардуми минтақаро барои анҷоми корҳои ободонӣ баён доштанд.

Ҷойизи зикр аст, ки дарозии умумии роҳҳои таъмиршаванда беш аз 3 километрро ташкил медиҳад. Фармоишгарон Идораи сохтмони асосии вилоят ва Вазорати нақлиёт буда, пудратчиён ҶДММ “Ваҳдат-2018” ва ҶДММ “Вектор-М” мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh