Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар Исфара

29 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, бо корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шинос гардид.

Нахуст боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои ободонӣ дар назди бинои Бозрасии давлатии автомобилӣ воқеъ дар шаҳраки Нурафшон сурат гирифт, ки ҳамзамон бо таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара рӯи кор омадааст.

Раҷаббой Аҳмадзода бо изҳори қаноатмандӣ аз корҳои анҷомдодашуда ба масъулин ҷиҳати тақвиятбахшии кор ҷиҳати азнавсозию ободонии дигар иншоотҳои дар ҳудуди чорроҳа мавҷудбуда ва боз ҳам сабзу хуррамтар гардонидани ҳудуд тавсияҳои муфид дод.

Иншооти дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳ ва боздиди Раиси вилояти Суғд қарор гирифт, иншооти «Қабул ва гусели меҳмонон» дар даромадгоҳи шаҳр аст, ки бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бо дастгирии ҷомеаҳои меҳнатӣ ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегардад.

Иҷрои корҳои сохтмонии иншооти мазкурро, ки аз бинои пазиройии меҳмонон, ҷойи дамгирӣ ва ҳам боғи ҳозиразамон иборат хоҳад буд, бинокорони Ширкати сохтмонии Исфара ба зимма доранд. Ҳаҷми умумии корҳои бунёдӣ ва ободонии иншоот наздик 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят ташаббус ва таҷрибаи сокинони шаҳрро дар самти бо саҳмгузории умум ободу хуррамгардонии маҳалли зист қобили таваҷҷуҳ ва дастгирӣ арзёбӣ намуда, дар назди масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва фарҳанги шаҳрдорӣ бунёд намудани иншоот вазифаҳои мушаххас гузошт.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории хеш ҳамчунон аз рафти корҳои ободонӣ дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр боздид ба амал оварда, дар ҳузури фаъолону сокинони шаҳр, бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Ҷоизи зикр аст, ки фармоишгари иншооти мазкур Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара буда, тарҳи сохтмони иншоот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара» сурат мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқоти хеш бо фаъолону сокинони шаҳр, ҳамзамон бо зикри силсилаи амалҳои бунёдкоронае, ки дар қаламрави вилоят мутобиқи Фармони марбутаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дар доираи тадбирҳои “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” сурат мегиранд, ҷидду ҷаҳд, заҳмати аҳлонаву софдилонаи сокинони Исфара ва амалҳои созандаи онҳоро дар роҳи ободии диёр назаррас ва шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Мавсуф ҳамчунон изҳори умед намуд, ки фаъолони ҳизб ва мардуми созандаю бунёдкори Исфара бо шукргузорӣ аз рӯзгори ободу осоиштае, ки доранд, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ободу зебо гардонидани Исфараи хушманзар, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа чораҷӯиву мусоидат ва бештар саҳмгузорӣ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh