Ҷавонон ихтиёран ба хизмати Ватан рафтанд

Дар маркази Комиссирияти ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъомади тантанави бахшида ба хизмати Мадар – Ватан ба қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рафтани ҷавонписарон баргузор гардид.

Комиссари ҳарбии ноҳия, майёр Алиҷон Ниёзов ба муносибати маъракаи гусели ҷавонписарон баромад намуда, ҷавонони сарбаландро табрик намуд.

Сипас раиси комиссияи даъват, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Тошмурод Ҳасанов аз номи Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ватан гусел карда мешаванд, табрик намуда, ба падару модарони онҳо арзи сипос баён намуданд.

Сипас, вазъияти тантанавӣ ба даъватшавандагон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ супорида шуданд. Ҳамин тавр маъракаи гусели наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз 7 ҷамоат бо шукӯҳу хотирмон дар сатҳи сиёсӣ баргузор шуд. Ҳамчун рамзи эҳтиром барномаи фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешкаши иштирокдорон шуд.

Одина Мирзои Барот,
узви ИЖТ аз ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh