Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон

Ҳамасола санаи якуми июн дар аксари кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ин санаи муборакро ба тамоми кўдакони хушбахти кишвар табрику муборакбод гуфта, барояшон осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи дурусти тифлакони босаодат ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, обутоби маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитро фароҳам овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи кўдакон дар мустаҳкамии оила барҳақ, таъкид доштаанд: «Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Бояд қайд кард, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандўсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омўзишу парвариши кўдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд.

Имрўз вақти он расидааст, ки бар зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ боз ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Фаро гирифтани кўдакону наврасон дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо аз иқдомҳои дигари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб мешавад, ки ба тарбияи сазовори насли ояндасоз мусоидат мекунад.

Дар ин рўзҳои пурфараҳ бори дигар фарзандони дўстрўякро аз самими қалб табрику муборакбод мегўям.

Бигзор, таҳти ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат, аҳли ҷомеа ва падару модар қарор дошта, дар оянда ҳамчун шахсони бонангу номус, ватандору ватандўст ва донишманду хушахлоқ ба воя расанд.

Ид муборак, тифлакони хушбахт!

Add comment


Security code
Refresh