Саодати зиндагӣ аз чеҳраи дурахшони кӯдакон аст!...

Гузориш аз таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар мебошад.

1 июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мутантан таҷлил гардид.

Чорабинии муҳташами идона бо ширкати беш аз чаҳор ҳазор нафар кӯдакон, бо шумули тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, ятимони кулл, ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, фосилавӣ, ғолибони сессияи Академияи хурди илмҳо, ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳо, кӯдакони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гашт.

Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» ба идгоҳ ва макони шодиву сурури кӯдакон табдил ёфта, дар он гӯшаҳои зиндаи ҳайвоноту паррандаҳои гуногун, саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, техникони наврас, барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагони макотиби вилоят – ғолибон ва иштирокдорони озмунҳои “Техникони наврас”, “Бозёфт”, “Дастони моҳир”, аъзои маҳфилҳои адрасбофӣ, гилембофӣ ва гулдӯзӣ ба намоиш гузошта шуд. Тақдими самбӯсаву яхмос ва шириниҳои гуногун, инчунин хизматрасониҳои ройгони аттраксионҳои «Наврӯзгоҳ» олами рангини кӯдаконро боз ҳам муассиру хотирмон намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳфилҳои гуногуне, ки бо ҳузури кӯдакон сурат гирифт, ширкат варзида, ба онҳо туҳфаҳои гуногун тақдим кард.

Зимни суханронии худ Раиси вилоят иштирокдорони чорабинии идона ва дар симои онҳо кулли кӯдакони вилоятро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи дурусти тифлакони саодатманд ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, рушди маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст.

Хушбахтона, ба шарофати неъмати Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо пешрафти соҳаи маориф равшан ба назар расида, наслҳои ҷавон зери осмони софу беғубор зиндагии босаодат доранд.

Бояд гуфт, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар қаламрави вилоят 19 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо беш аз 1800 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар вилоят зиёда аз 490 нафар ятимони кулл умр ба сар мебаранд, ки онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд.

Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон пайваста ғамхорӣ, бахусус ба бачагони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон афзуд, ки масъалаҳои солимгардонӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ҳамеша дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Дар давраи тобистони соли ҷорӣ ба чорабиниҳои солимгардонӣ дар 19 лагери беруназшаҳрӣ, 679 лагери наздимактабӣ, 243 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 30 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 39 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фарогирии зиёда аз 75000 нафар кӯдакону наврасон ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо беш аз 1000 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва беш аз 7600 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ройгон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб мегарданд.

Раиси вилоят зикр намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи таътили зимистонаи соли 2018-ум 100 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва 200 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба истироҳату фароғат ҷалб карда шуданд ва ин тадбирҳо минбаъд низ идома дода мешавад.

Воқеан ҳам солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлалат дар кишвар, аз ҷумла дар вилоят бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рӯ овардани онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Қобили зикр аст, ки шароитҳои фароҳамовардашуда ба он мусоидат намудаанд, ки дастовардҳои кӯдакону наврасони вилоят дар олимпиада ва озмунҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмилалӣ сол аз сол афзун гардад.

Натиҷаи ин ғамхориҳост, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ пайваста ба дастовардҳои назаррас шарафёб мегарданд.

Чунончӣ, дар олимпиадаи ҷумҳуриявии анъанавӣ аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Мактаби Президентӣ 54 нафар хонанда ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гирифтани 17 ҷой, шаҳри Хуҷанд 11 ҷой, шаҳри Исфара 10 ҷой сазовор гардида, шарафи муассисаҳои таълимии вилоятро баланд бардоштанд.

- Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ ва фосилавӣ дар кишварҳои Таиланд, Малайзия, Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Сингапур, Фаронса ва Амрико фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои фахри ноил гардиданд, ки боиси ифтихори мо мебошанд, - зикр дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода кӯдаконро хазинаи ояндабахши имрӯзу фардои зиндагӣ номида, таъкид дошт, ки кӯдакон бо истифода аз фазои орому осуда ва шароити хуби истироҳату таҳсил ҳамчун насли ояндасоз ба камол расида, Тоҷикистони азизамонро дар оянда низ чун кишвари соҳибтамаддун ва сарзамини сулҳу ормонҳои наҷиби инсонӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

Сипас, ғолибони як қатор озмунҳо бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд ва барои болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзур гардид.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 
 
 
 
 
 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh