Шиногоҳи соҳили дарёи Сир мавриди истифода қарор гирифт

1 июни соли 2018 бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ дар замони собиқ Иттиҳод Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш дар истифодаи умум қарор надошт. Бо ибтикори роҳбарияти вилоят шиногоҳи мазкур дар майдони 5 гектар аз нав фаъол гардид.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иттилоъ дод, ки бистсолаи охир бори аввал чунин шиногоҳ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор мегирад ва ин охири кор набуда, дар зудтарин фурсат дар шаҳри Хуҷанд боз ду шиногоҳи азкормонда барқарор карда мешавад. Шиногоҳҳо бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои истифодаи хориҷиён низ пешбинӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо шиногоҳ ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар шиногоҳ майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ низ ташкил гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки барои азнавсозии шиногоҳ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ гардида, дар он соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон бо вазъи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин мебошад. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаввосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh