Сарсабзии диёр аз ҳар яки мо вобаста аст!

5-уми июн - Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар тамоми олам, аз он ҷумла дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ таҷлил мегардад.

Дар ин радиф кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар таъмини беҳдошти ҳолати экологӣ саҳми арзанда мегузоранд. Роҷеъ ба ин масъалаҳо сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темурҷон Нӯмонзода изҳори ақида намуд.

- Масоили мубрами экологӣ имрӯз тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, экологҳои суғдӣ низ дар ин раванд бетараф нестанд. Мегуфтед, ки имрӯз кадом муаммоҳоро глобалӣ мешуморанд?

- Аз аҳди қадим то имрӯз пок нигоҳ доштани ҷаҳор унсур - обу ҳаво, хоку оташ оини мардуми покгавҳар буду ҳаст. Албатта, гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳо, торафт кам шудани намудҳои алоҳидаи набототу ҳайвонот, эрозияи хок, ҷамъ шудани газҳои гармхона, сӯрохӣ дар қабати озонӣ, нарасидани оби ошомиданиву обёрӣ, хушкидани баҳри Арал ва чанде дигар масъалаҳои муҳими ҳалталаби экологӣ на танҳо экологҳо, балки тамоми аҳли башарро бетараф гузошта наметавонанд.

- Бисёр хуб аст, ки соли равон дар миқёси кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид: оё сайёҳӣ, хоса сайёҳии экологӣ метавонад, манфиатовар бошад ва дар ин самт нақшаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зист аз чӣ иборат аст?

- Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои асосии иқтисодии давлат ин рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки ёдгориҳои табиӣ арзёбӣ гардид.

Солҳои қабл аз тарафи мутахассисони Раёсат "Кадастри давлатии Ёдгориҳои табиии шаҳри Панҷакент" таҳия гардида, оид ба ташкил намудани "Китоби Ёдгориҳои табиии шаҳри Панҷакент" корҳои зарурӣ ба анҷом расида буд ва соли 2015 бо қарори раиси шаҳри Панҷакент ба ин ёдгориҳо статуси расмии махсус муҳофизатшаванда дода шуд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тасмим гирифтааст, ки минбаъд бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тартиб додани "Кадастри давлатии Ёдгориҳои табиии вилояти Суғд" ва ташкил намудани "Китоби Ёдгориҳои табиии вилояти Суғд" дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳиссагузорӣ намояд. Солҳои охир ҷиҳати барои минтақаи сайёҳии байналхалқӣ табдил додани минтақаи Баҳри Тоҷик чораҳо андешида мешавад. Ба фаъолият шурӯъ намудани истироҳатгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст, теъдоди сайёҳонро ба вилоятамон ба маротиб афзун намуд.

Худи манзараҳои Искандаркӯл, дар сурати васеъ ба роҳ мондани таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим метавонад, ҳазорон дӯстдорони табиатро ба сӯи хеш хонад. Зеро мавриди истифода қарор додани шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд-Чаноқ мушкилоти роҳро аз байн бурда, дар муддати начандон зиёд ба чунин гӯшаҳои биҳиштосо рафтан имконпазир шудааст. Ташкили сайру саёҳат ба кӯҳсорону кӯлҳои нодирманзараи Зарафшон, арчазорони Шаҳристону Деваштич ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда албатта, боиси рушди соҳаи сайёҳӣ мебошанд.

- Дар вилоят партовгоҳҳои радиофаъол мавҷуданд, ки боиси хавотирии сокинон мегардад. Вазъият дар ин самт ташвишовар аст?

 - Дар миқёси вилоят ягона маҳфузгоҳи «Деҳмой»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» амал мекард. Масоҳати маҳфузгоҳи мазкур ҳамагӣ 90 гектар буда, дар он 36 миллион тонна партовҳо ҷойгир карда шудааст. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми ду соли охир баҳри пешгирии паҳншавии партовҳои радиофаъол масъалаи хокпӯш намудани партовгоҳ дар масоҳати 14,5 гектар бо қабати 0,5 метр хоки инертӣ ҳалли худро ёфта, корҳои болопӯш давом дода мешаванд. Албатта, корҳои хокпӯш намудани партовгоҳ бо маблағгузории муайян вобастагӣ дорад ва ман боварӣ дорам, ки давоми солҳои наздик ин муаммои экологӣ дар қатори аввал гузошта шуда, ҳалли мусбати худро меёбад.

- Солҳои охир натанҳо табиатдӯстон, балки сарони кишварҳоро вазъи ногувори муомилот бо партовҳо ба ташвиш овардааст, ки яке аз онҳо партовҳои пластикӣ мебошад.

 - Пластик маҳсулоти универсалӣ, сабук, печон, обногузар, сахт буда, мутаносибан гарон нест. Ин сифату хусусиятҳо маҳсулотро серистеъмол, дар ҷаҳон маъмул ва таҳкурсии бисёр ихтироъкориҳо гаштааст. Аммо, муносибати хунукназарона ва истифодаи бемеъёри маводи пластикӣ ба он оварда расонидааст, ки ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ офати экологиро ба миён овардааст. Аз рӯи маълумот соли 2015 дар ҷаҳон 6,3 миллиард тонна партовҳои пластикӣ ҳосил шудааст. Танҳо 9 фоиз аз нав коркард ва 12 фоиз дар корхонаҳои махсус безарар гардонида шуданд. Ба ҷуз ин ҳар сол дар ҷаҳон бештар аз 500 миллиард пакетҳои пластикӣ истифода шуда, ҳамасола қариб 8 миллион тонна партовҳои пластикӣ ба уқёнусҳои ҷаҳон партофта мешаванд. Дар ҷаҳон дар як дақиқа 1 миллион зарфҳои пластикӣ бо нӯшокиҳои гуногун харидорӣ мешаванд.

- Ба дӯстдорони табиат чӣ таманно доред?

 - Бо истифода аз ин лаҳзаи фараҳбахш шаҳрвандон, бахусус кормандону мутахассисони сохторҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист ва табиатдӯстонро сидқан табрику муборакбод намуда, барои онҳо саломатӣ, саодатмандӣ, рӯзгори неку барори кор таманно менамоям. Саҳми ҳар яки мо дар ҳифзи муҳити зист баҳри пешравии ҷомеаи имрӯза мусоидат хоҳад кард.

Хуршед Саидов

Add comment


Security code
Refresh