Таҳкими робита бо ҷомеа

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар дар самтҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тарғиби ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ҷавонон ва падару модарон мулоқотҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст. 

Аз ҷумла, чунин мулоқот имрӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки ёрдамчии прокурори шаҳри Бӯстон Рустам Акрамов, ваколатдори калони шуъбачаи кофтукови ҷиноии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Юсуф Раҳимов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Боқӣ Қудратов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов ва мудири бахши кор бо занон ва оила Мунзифа Расулова, устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургb, аҳолии маҳаллаи Садаф, кормандони муаассисаҳои фарҳанг, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигарон баргузор гардид. 

Маърӯзачиён оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳое, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат баён гардиданд, ибрози назар намуда, аз сокинон баҳри муборизаи дастҷамъона бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва саҳмгузорӣ ба ҳифзи сулҳу ваҳдат ва гулгулшукуфоии кишвар даъват ба амал оварданд.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh