Маданияти шаҳрдорӣ

Оё тозагӣ субҳ таъмин мегардад?

Бинобар эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави вилоят корҳои ободонӣ бомаром ҷараён дорад. Шаҳри Хуҷанд, ки маркази вилоят маҳсуб меёбад ва аксар сайёҳону меҳмонон ба ин ҷо меоянд, бояд зебову диққатҷалбкунанда бошад. Дар ин самт фаъолияти Корхонаи давлатии истифодабарии манзили шаҳр назаррас арзёбӣ мегардад, зеро тозаву озода будани кӯчаҳо аз фаъолияти онҳо вобастагии зиёд дорад.

Тавре Усмон Махкамов - роҳбари корхонаи давлатии истифодабарии манзили соҳили рост иттилоъ дод, тибқи супориши Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъмири се иншооти ҷашнӣ ба зиммаи онҳо вогузор шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи кӯдакистони рақами 28-и маҳаллаи 34 ва 6 – 7 бинои баландошёнаи ин маҳалла рангубор карда шуда, ҷойҳое, ки аз ҷониби сокинон ғайриқонунӣ ишғол гардида буданд, бартараф шуданд. Дар маҳаллаи 32 майдончаи варзишии бачагона сохта шуд. Чунин корҳо дар маҳаллаҳои 3, 18 ва 19 бомаром ҷараён дорад.

Сокинон чӣ ақида доранд?

Тозаву назаррабо будани шаҳр аз фаъолияти рӯбандаҳо вобастагии зиёд дорад. Дар шаҳри Душанбе аз субҳи барвақт рӯбандаҳо сари коранду то ба берун баромадани сокинон кӯчаву роҳрав ва шоҳроҳҳо тоза карда мешаванд. Ин ҳолат дар шаҳри Хуҷанд дар кадом сатҳ қарор дорад? Оё сокинон аз фаъолияти рӯбандаҳо ризоянд?

Дар соҳили рости шаҳр 5 қитъа аст, ки дар он зиёда аз 100 нафар рӯбанда фаъолият мебарад.

- Соати кории онҳо ба ду қисм тақсим шудааст, як қисми онҳо аз соати 5-и субҳ ва қисми дигар аз соати 8-и субҳ то 17 кор мекунанд, - гуфт Усмон Махкамов.

Мукаррама Одилова - истиқоматкунандаи кӯчаи Камоли Хуҷандӣ:

- Соати 5 - и субҳ садои ҷорӯбзании рӯбандаҳо ба гӯш мерасад. Аз амали онҳо хушнуд мешавам, зеро то ба берун баромадани мардум аллакай ҳама ҷо тоза ва партовҳо низ ба пуррагӣ бардошта шудаанд.

Далер Сангинов - сокини маҳаллаи 27:

- Субҳ вақте сӯи коргоҳ равон мешавам, рӯбандаҳо асабамро хароб месозанд, зеро чангро ба осмон дакказанон пеши роҳгузаронро мерӯбанд. Оё намешавад, ки камтар барвақт корашонро оғоз кунанд? Аз чанг пойафзолу либосам олуда мегардад ва вақте норозигӣ баён месозам, аҳамияте намедиҳанд.

Дар фасли тобистон соати 4 субҳ медамад ва агар онҳо як соат пеш ба рӯбучин машғул шаванд, ҳам ба манфиати худашон асту ҳам ба роҳгузарон халал намерасонанд.

Шаҳноза Ҳайдарова - сокини маҳаллаи Бофанда:

- Қарибии соати 7 хонандагони мактаб аз маҳаллаи мо гузашта мераванд, ки дар ин вақт рӯбандаҳо ба кор овора мешаванд. Ростӣ, ҳам ба роҳгузарон дилам месӯзаду ҳам ба рӯбандаҳо. Вақте онҳо мегузаранд, рӯбандаҳо таваққуф мекунанд. Шояд аз ҳамин сабаб корашонро дер анҷом медиҳанд. Хеле хуб мешуд, ки онҳо кори худро барвақт ва ё дертар оғоз кунанд. Чизи дигарро бояд ишора кард, ки имрӯзҳо даруни ҷӯйборҳо низ аз партов пур шудаасту онро бояд тоза кард, зеро кӯдакон бештар дар наздикии он ҷойҳо бозӣ мекунанд. Ин вазъ ба саломатӣ ва ҳаёт хатар дорад.

Ранг бину ҳол пурс!

Боиси таассуф аст, ки дар шаҳр баъзе ҷойҳоеро дучор мегардем, ки аз назари рӯбандаҳову масъулин тамоман дур мондааст. Аз ҷумла, дар маҳаллаҳои 31, 32, 33, «Баҳор», «Пахтакор» биноҳо дар ҳолати садамавианду гирду атрофаш ифлосу норӯфта мондааст. Мардум аз он шикоят доранд, ки масъулин нисбат ба фаъолияти кории худ саҳлангорӣ мекунанд.

Фаридун Эшонқулов – сокини шаҳри Хуҷанд:

- Дар маҳаллаҳои 31 ва «Пахтакор» ҳолати якчанд биноҳо таъмирталаб аст. Корхонаи давлатии истифодабарии манзилӣ ба куҷо нигоҳ мекунад? Агар маълумотнома аз ҷойи истиқомат талаб кунем, даррав «қарзи манзилро супоред» - гӯён даъво мекунанд. Пас ин ҳама маблағ ба куҷо ва барои чӣ истифода мешавад? Лоақал дар ду-се сол бино ва ё бомро як маротиба таъмир кунанд, чунин ҳолати ногувор пеш намеояд. ҳол он ки ҳам барои таъмири бом ва ҳам шикасту рехт худи сокинон маблағ ҷамъ мекунанд.

Саёҳат Сатторова - сокини шаҳри Хуҷанд:

- Пас аз хӯроки шом барои сайругашт баромадаем. Вақте аз назди Коллеҷи санъати ба номи Содирхон ҳофиз гузар доштем, бӯйи ғализ ҳама ҷойро фаро гирифта, қуттиҳои партов пуру гирду атрофаш норӯфта буд. ҳол он ки аз ин мавзеъ нафарони зиёде роҳгузар мешаванд. Бар замми ин, дар наздикии партовҷо сехи кулчақанди «Минутка» фаъолият дорад, ки комилан ҷои партовпартоӣ номуносиб аст.

Мутаассифона, дар бораи фаъолият дар самти ободонӣ аз масъулини Корхонаи истифодабарии манзили соҳили чап маълумот пайдо карда натавонистем, зеро роҳбарияти коргоҳ барои надодани иттилоот баҳонаи зиёдеро пеш оварданд!...

Ободонию тозагии шаҳр, пеш аз ҳама, ба сокинон вобаста аст. Агар ҳар нафар аз тирезаи худ партовро напартояд, қафои бинои истиқоматиаш ба партовҷо мубаддал намеёбад ва агар чизҳои нолозимаро ба сари роҳ ва роҳрав ҳаво надода, ба қуттӣ гузорад, он вақт шаҳр тозаву рӯҳияи мардум низ болида мегардад. Маданияти шаҳрдориро бояд дар хона ва дар макони зисти худ омӯхт!

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh