Андешаҳои комили башардӯстонаро дастгирӣ мебояд!

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» тасмим гирифт, ки дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои боз ҳам возеҳтар шарҳу тафсир намудани муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12-уми майи соли равон баргузор гардид, иштирокдорони мулоқотро ба гӯшаи «Меҳмонхонаи «Ҳақиқати Суғд» даъват намояд.

Дар вохӯрӣ Сӯҳроб  Рустамзода - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Мирзоқосим Каримов - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода - раиси Шӯрои уламои дини вилоят ширкат варзида, андешаҳои хешро доир ба мулоқоти мазкур баён доштанд ва ба пурсишҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас ироа доштанд.

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Мухтори Абдулло нахуст меҳмононро хайрамақдам гуфта, баргузории ин маҳфилро ба хотири боз ҳам ба таври рӯшантар ба зеҳни хонандагони рӯзнома расонидани нуктаҳои асосии мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар муҳим маънидод кард.

«Мулоқот саривақтӣ ва хеле муҳим буд»

Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Сӯҳроб Рустамзода зимни суҳбат баргузории мулоқотро аз ҳама ҷиҳат зарур ва манфиатбор унвон намуд.

- Мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҷараён гирифт, саривақтӣ маҳсуб меёбад. Зеро дар он масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, норасоии оби ошомиданӣ дар бархе кишварҳои ҷаҳон, гирифторӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти одам, моҷароҳои вазнини сиёсӣ дар ҷаҳон, афзоиши рӯҳияи исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон, задухӯрдҳои мусаллаҳона дар чанд кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, - гуфт Сӯҳроб Рустамзода.

Аз ҷумла нуктаҳои иброз намудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ будани сокинони кишвар, хайру сахоро нишонаи имондорӣ ҳисобидан, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ дар ҷомеаро бори дигар возеҳтар шарҳ дод.

- Мулоқоте, ки дар ибтидои моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, моро ҳидоятгар ба сӯи амалҳои хайру савоб, риояи фазилатҳои парҳезу накӯкорӣ ва худдорӣ аз аъмоли зишт, аёдати падару модарон ва беморону ранҷурон, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони босуръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш дорад ва ин ҳолат зиндагии инсонро дар рӯи замин мушкил гардонида истодааст,-гуфт мавсуф.

Сӯҳроб Рустамзода вобаста ба пайравии мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Собит, ки мазҳаби таҳаммулгароист, андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати анҷом додани рӯзадорӣ ва сабукиҳои мазҳаби ҳанафиро нуктаҳои башардӯстона арзёбӣ намуд.

- Нафароне, ки бо корҳои зироаткорию кишоварзӣ машғул ҳастанд, набояд фаромӯш кунанд, ки дини Ислом ҳеҷ гоҳ пайравонашро ба сахтиву машаққат раҳнамоӣ накардааст. Аз ин хотир, барои рӯза дар кунҷи хона нишастану фаромӯш кардани таъмини аҳлу аёл гуноҳи кабира аст. Корҳои кишоварзӣ дар авҷ буда, гузашта аз ин, бахусус, дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун зиёда аз 18 ҳазор кор мекунанд, ба шарофати меҳнати сидқидилонаи онҳо иншооти аср сохта мешавад.

Мардум бояд барои зиндагии шоистаи худ мубориза барад, кору фаъолият намояд ва ба умеди доштани рӯза кунҷи хона нишаста, ба ризқи худ ва фарзандон зомин шудан, баръакс ба ҷои савоб гуноҳи бузургест. Зеро асосгузори силсилаи нақшбандия Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд шиори зиндагиашонро «даст ба кору дил ба ёр» эълон намуда буданд. Мо низ дар офаридани неъматҳои моддӣ бояд заҳмат кашем ва аз сахтиҳо наҳаросем. Яъне, бо гирифтани рӯза қонеъ шуда, фардоро андеша накардан сифати муъмини комил нест. Агар мо аз ин рӯзҳои офтобӣ ва ҷараёни киштукор самарабахш истифода набарем, фурсат аз даст меравад, ҳосил талаф мешавад ва дар айёми сармо, ки бинобар обу ҳавои гарми баҳори имсола бетаъсир намемонад, аҳли хонадони мо ба сахтиҳо дучор мешаванд, - иброз дошт Рустамзода.

Ба пурсиши хабарнигори рӯзнома Тавҳида Ҷӯраева, бобати то кадом андоза кам ва ё зиёдшавии теъдоди ҷавонон дар таҳсили ғайриқонунии муассисаҳои динии хориҷи кишвар, мавсуф чунин посух дод:

- Бо ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва мақомотҳои қудратии вилоят аллакай бобати ин масъала корбарӣ шуда истодааст. Шукр, ки самараи теъдодашон торафт кам ва дар назар аст, ки ҳамаи онҳо ба Ватан бозпас гардонида хоҳанд шуд.

Хабарнигор Гулҷаҳон Махкамова бо мазмуни ба ҷои Ҳаҷ анҷом додани иқдомҳои хайр аз қабили сохтани пул, муассисаҳои маориф ва тиб аз ҷониби соҳибкорон дар кадом сатҳ қарор дорад, пурсиш ба амал овард.

- Ин иқдом шоистаи дастгирист, зеро нафарони хайрхоҳ рӯз ба рӯз зиёд шуда, аллакай дар ноҳияҳои Деваштичу Мастчоҳ ва дигар қаламрави вилоят корҳо амалӣ шуда истодаанд. Тавре Пешвои миллат иброз доштанд, ба ҷои дуввумбораву савумбора ба хотири худнамоӣ Ҳаҷ рафтан, савоби сохтани иншоотҳои ҳаётан муҳим калонтар аст, - посух дод Сӯҳроб Рустамзода.

Пешвои миллат ҳамеша такя ба ҷавонон мекунанд

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Мирзоқосим Каримов, ки яке аз иштирокчиён буд, мулоқотро амали дилсӯзонаву ғамхоронаи Пешвои миллат унвон кард.

- Ҳадафи асосии мулоқот тарбия намудани насле аст, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ниёзмандиҳои ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷониби Сарвари давлат вазифаҳои ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда бори дигар таъкид гардид, мо ҷавононро муваззаф ва водор месозад, ки дар пешрафти кишвари азизамон саҳми беназари худро гузорем.

Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ба ташаббусҳои созанда рӯ оваранд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд, - гуфт Мирзоқосим Каримов.

Бобати пешгирии тақлиди кӯр-кӯронаи баъзе ҷавонон ба фарҳангу мазҳаби бегона ва гаравиши онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто, ба кишварҳои ҷангзада, амсоли Сурияву Либияро мавсуф дар нигоҳ доштани зиракаву ҳушёрии сиёсии дастҷамъонаи аҳли ҷамоатчигӣ унвон намуд.

- Набояд дар ғафлат монем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк намоем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Тавре Президенти кишвар дар суханрониашон ҷиҳати покизагии имон, хайру эҳсон ва ҷилавгирӣ аз ҳама амалҳои номатлуб ҳидоятҳои созанда доданд, бояд имондор бошему имони худро нафурӯшем, фирефтаи хоҷагони хориҷӣ нашавем. Он бадбахтие, ки солҳои навадуми асри ХХ ба сари халқ омаду ҷанги бемаънии бародаркушӣ сар зад, аз фирефтаи хоҷагони хориҷӣ шудани баъзе афрод сарчашма мегирад. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки иттиҳоду сарҷамъ шавем, шукри ваҳдату осудагии кишвари азизи хешро ба ҷо оварем, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда саъю талош варзем. Ҷоиз ба қайд аст, ки пас аз се сол сокинони сарбаланди кишвар бо ифтихормандӣ ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин ҷашни мубораку таърихӣ Пешвои миллат дар назди аҳли кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки вусъат додани корҳои бунёдкорию созандагӣ аз қабили онҳост, - иброз дошт М.Каримов.

Номбурда аз ҷумла қайд намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳоро баҳри инкишофи Ватани азиз доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро пайваста ва таъкид месозанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи онҳо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созад.

Имрӯз дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Ба мо, ҷавонон зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем, илова кард Мирзоқосим Каримов.

Хабарнигори нашрия Рафоат Мӯъминова бобати аз ҷониби Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят амалӣ шудани дастурҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи нерӯи ҷавонон, бахусус соҳибкорон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият пурсон гардид.

- Дар ин замина мо бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ба амалҳои боманфиат ҷалб намудани онҳо борҳо вохӯрӣ баргузор намудем. Инчунин, андешаҳои Сарвари кишвар дар бораи дар ҳар деҳоти мамлакат бунёд намудани майдончаҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ ва дигар ободкориҳо ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ташвиқу таблиғ гардид, ки ин корро дар оянда низ идома хоҳем дод,-посух гуфт М. Каримов

Сарвари давлат дар Каъба барои сарбаландии миллат дуо карданд

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода - раиси Шӯрои уламои дини вилоят, ки яке аз иштирокчиёни мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар аст, ин мулоқотро таърихӣ унвон намуд.

- Мо дар моҳи шарифи Рамазон қарор дорем, ки моҳи хайрхоҳӣ, покию сабурӣ, эҳсону хайру сахо, некӯӣ ба якдигар аст. Дар баробари моҳи шарифи Рамазон фарорасии Иди Ваҳдатро, ки дар ин моҳи муборак таҷлил мегардад, ба тамоми хонандагони рӯзнома муборакбод мегӯям.

Мулоқоте, ки бо аҳли ҷамоатчигӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, мулоқоти таърихӣ буд. Аз ибтидо то интиҳо ҳар як сухани Пешвои миллат, ҳар як калимаву ҳатто ҳар ҳарфи он ба манфиати мардум равона гардида, ҳадаф ислоҳи ҷомеа ва саршор аз ғамхорӣ ба мардум буд.

Пешвои миллат эҳтироми худро ба моҳи мубораки Рамазон, ба мазҳаби Имоми Аъзам дар як чаҳорчӯбаи муайяни боадолат ҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир баён доштанд. Ҳадафи Сарвари давлат сарбаландии миллат аст. Дину оине, ки мо дорем, бояд беолоиш бошад. Аслан дин одобу ахлоқ ҳикмату насиҳат аст. Сӯиистифода аз ин дин бадтарин гуноҳ ба ҳисоб меравад, зеро онро бояд покиза нигоҳ дорем. Нафароне, ки худро мусулмон мепиндоранду аз дин сӯиистифода мекунанд, динро силоҳи ҷангӣ қарор медиҳанд, ба дин хизмати хирсона менамоянд. Ишораҳои Пешвои миллат ҳам ба он буд, ки мо пири мазҳаб дорем. Дин осонӣ аст. Худованд дар чандин оятҳои Қуръони азимушшаън мефармояд, ки мо бояд динро осон нишон диҳем. Худо барои мо осониро мехоҳад, на мушкилиро. Дар ҳақиқат Рамазон моҳи ибодат аст, аммо нафароне, ки соҳиби узр ҳастанд, бемору мусофир ҳастанд, аз рӯзадорӣ озод карда мешаванд. Ҳамаи инро Пешвои миллат бо далелу ҳуҷҷат баён карданд, - мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода.

Инчунин, бобати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, онро аз ҳама ҷиҳат қонуни мукаммал ва саривақтиву миллӣ унвон намуд.

- То қонуни мазкур чандин маротиба оиннома, низомнома қабул шуда буд, аммо амалӣ нашуд. Пеш фикри асосии мардум ҷамъоварии мол буд: «кор мекунад, пул меёбад, вай бояд тӯй кунад, маърака гузаронад, аз ҳамсоя қафо набояд монад». Ин як хурофот буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байн бурданд. Хароҷоти зиёд бардошта шуд. Мутаассифона, ҳозир Ҳаҷ ибодат не, балки ба таассуб бадал шудааст. Мардум бояд фаҳмад, Ҳаҷ барои он касе фарз аст, ки қудрат ва тавоноӣ дошта, муҳтоҷ набошад. Онҳое, ки бо қарз ба Ҳаҷ мераванд, қабули даргоҳи Худо нест. Нафароне ҳастанд, ки маблағи Ҳаҷро ба корҳои хайр сарф мекунанд, роҳро обод мекунанд, бунгоҳи тиббӣ, мактабу иншооти ба мардум даркориро месозанд, ки садақаи ҷория мебошад ва савоби вай доимӣ аст. Агар ҳамсояе, пайванде аз онҳо муҳтоҷ бошад, ҳаҷравӣ ҷоиз ва қабул нест, - гуфт Мӯсозода.

Ҳамзамон, бобати ҳимояи Пешвои миллат аз дини мубини Ислом дар созмонҳои ҷаҳонӣ ёдовар шуда, мавсуф иброз дошт, ки нафаре, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид Исломро ҳимоя кардааст, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.

-Инро мо бояд ба мардум расонем, онҳобояд донанд, хизмате, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дин, мазҳаб, миллат ҷиҳати нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ анҷом доданд, касе на ҷуръате дошт ва на ҳиммате. Гумон мекунам, Сарвари ватанамон барои ҳазорсолаи ояндаи мо хизматҳои арзанда кардаанд, - таъкид намуд раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода.

Ба суоли хабарнигор Набиюллоҳ Суннатӣ бобати он, ки имрӯз дар дунё динҳои хеле зиёд ҳастанд, вале чаро маҳз радикализми динӣ домони пайравони дини мубини Ислом гирифтааст, мавсуф посух дод, ки ин бозичаи дасти абарқудратҳост.

- Аслан ҳама динҳо барои некӯаҳволии Бани башар нигаронида шудаанд. Аммо абарқудратҳои ҷаҳон барои тақсими геополитикии ҷаҳон аз дини Ислом, ки ҷавонтарин дини дунё аст, истифода карда, маҳз пайравони ин динро бо таҳмили фикру ақидаҳои ғайридинӣ ба қатлу куштор ва ифротгароӣ ҷалб карда истодаанд. Инҳо бозиҳои сиёсӣ аст ва мо набояд гирифтор ба найрангҳои бадкорон шавем.

Шоира САЛИМОВА,
Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh