Ҳаёти инсон бехатар бошад…

Дар Прокуратураи вилоят ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд таҳти раисии прокурори вилоят, мушовири давлатии дараҷаи 3-юм Ҳабибулло Воҳидов вобаста ба натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубориза ба қонунвайронкуниҳои гумрукӣ дар қисмати пешгирии воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ, аз ҷумла, пастсифат ва барои ҳаёту саломатии инсон хатарнок дар даври соли 2017 - ум ва 4 моҳи соли равон баргузор гардид.

Дар ибтидо прокурори вилоят қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад».

Санҷишҳои прокурорӣ нишон дод, ки баъзе аз соҳибкорон бар хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро ба танзим медароранд, ба воридот, истеҳсол ва хариду фурӯши маҳсулоти хӯрокаи пастсифати истеҳсоли ватаниву хориҷӣ машғул шуда, ба амнияти саломатии аҳолӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Солҳои охир аз тарафи баъзе гурӯҳ ва шахсони алоҳида тариқи қочоқ ворид намудани маҳсулоти хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, гӯшти қима, маҳсулоти орду қаннодӣ, меваҳои тару хушк, нӯшокиҳои ташнашикан, афшураҳои мева, машруботи спиртии гуногун ва дигар маводи хӯрока хеле зиёд дида мешавад.

Ин гурӯҳ ва шахсони алоҳида маҳсулоти пастсифатро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ бидуни сертификатсиякунонӣ, хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ, байторӣ ва дигар хулосаҳои дахлдор ба қаламрави кишвар ворид менамоянд, ки онҳо ба ҳаёту саломатии одамон хатарнок мебошанд. Маҳсулоти хӯрока асосан аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути минтақаҳои сарҳадии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Fафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен тариқи қочоқ ворид мешаванд.

Муайян гардид, ки дар марҳалаи соли 2017 – ум ва 4 моҳи соли равон аз тарафи гурӯҳи кории Прокуратураи вилоят 604 ҳолати тариқи қочоқ ворид шудани маҳсулоти хӯрока ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Новобаста аз он, ки мувофиқи банди 7 - уми санади маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 – ум таҳти №12 воридоти расмии тамоми намуди гӯшти қима манъ карда шуда бошанд ҳам, вале аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура дар ин давра 4 ҳолати ғайриқонунӣ ворид шудани қимаи гӯшти мурғ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Боиси қайд аст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар даври таҳлилӣ ҳамагӣ 274, 6 тонна ва 42, 8 ҳазор литр маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва барои ҳаёту саломатии инсон хатарнок ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ошкор гардида, аз муомилот гирифта, тариқи расмӣ нобуд карда шудаанд. Прокурори вилояти Суғд таваҷҷуҳи мутахассисони соҳавиро ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуда, ҷиҳати пешгирии ҳолати қонунвайронкунӣ ба онҳо супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ширкат дошт.

Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh