Тарбияи бад ба ҷинояткорӣ мебарад

Дар чор моҳи аввали соли 2018 дар миқёси вилоят 2297 ҳодисаи ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ 76 ҳолат зиёд аст. Он асосан дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Мастчоҳ, Конибодом ва Ашт бештар ба назар мерасад.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилоят давоми чор моҳ аз ҷониби занон 198 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 64 ҳолат кам буда, дар Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров зиёд мебошад. Аз ҷониби ноболиғон 72 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба чормоҳаи аввали соли гузашта 17 ҳолат зиёд буда, он бештар дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияҳои Исфара, Мастчоҳ, Истиқлол дида мешавад.

Ҷуз киштаи хеш чизе надаравӣ...

Имрӯз масъалаи назорат ва нигоҳубини ноболиғон ташвишовар аст, зеро бинобар беэътибории аксар падару модарон онҳо ба ҷиноят даст мезананд, ба ҷойи дониш андӯхтан бо дигар корҳо овораанд. Дар соати дарсӣ бо аробакашиву пулчинӣ дар микроавтобусҳо ва ё ба савдогарӣ машғуланд.

Давоми се моҳи соли равон дар миқёси вилоят 52 ҳолати даст ба ҷиноят задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 15 ҳолат зиёд мебошад. Суоле ба миён меояд, ки чаро сатҳи одобу рафтор хеле паст шудааст? Хулоса, ҳамоне даст ба ҷиноят мезанад, ки тарбияи хуб надида бошад.

Илҳомҷон Ҳошимов - сармуҳаррири ШТР СМ - 1:    

- Рафтору кирдори ҷавонону ноболиғон якбора дигар шуд, зеро таъсири замон нақши муҳим мебозад. Якум, омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба зиндагии инсон таъсир карда истодааст. Масалан, падар ё модаре, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд ва ё бо сабабҳои дигар дар тарбияи фарзанд саҳмгузор нестанд, ба инкишофи шуури ӯ таъсири манфӣ мегузоранд. Омиле, ки бештар ба кӯдак таъсир мекунад, ин таваҷҷуҳ аст. Мо дар муҳите ба воя расидаем, ки агар шухӣ кунем, модар мегуфт: “Ман ба падарат мегӯям” ва мо метарсидем. Ин тарси задан не, тарс аз сиёсат буд. Дуюм, муносибат дар оилаҳо тағйир ёфтаанд. Дар баъзе ҳолат, мутаассифона, модарон мехоҳанд нақши падарро ба дасти худ гиранд. Дар ин маврид аллакай мавқеи падар сусттар мешавад ё онҳо дар назди фарзанд ҷанҷол мекунанд. Фарзанд аз як нафар истиҳола ва тарсад беҳтар аст. Сеюм, дар ҳоле ки падар дар муҳоҷират аст, масъулият ба зиммаи модар мемонад, бояд ба тарбияи фарзанд сахт аҳамият бидиҳад. Занҳое ҳастанд, ки намехоҳанд мевқеашонро аз даст диҳанд. “Падарат пул намеёбад, ман пул меёбам, падарат кор намекунад, ӯ аз ҳисоби ман зиндагӣ мекунад...” Падару модар бояд барои фарзанди худ намунаи ибрат шаванд. Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон низ ин натиҷаи хатогии падару модар аст. Агар буҳронҳои иқтисодӣ давоми 3 - 5 сол ҷамъбаст шавад, буҳрони маънавӣ 20 - 25 сол давом мекунад. Паси ҳар тақдири ҷудошуда тақдири талхи кӯдак меистад.

Мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаббат Ҳомидова гуфт, ки давоми чор моҳи соли сипарӣ 179 нафар барои ноболиғ бо оворагардӣ, 114 нафар барои ҳозир шудан ба дарс бо телефони мобилӣ, 97 нафар аз ҳисоби дарс машғул шудан бо бозиҳои компутерӣ ва 72 нафар барои риоя накардани либоси ягонаи мактабӣ ба қайд гирифта шудааст. Баробари ин 811 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Онҳо асосан даст ба дуздӣ задаанд, ки ин амал нигаронкунанда аст. Нисбат ба 571 нафар волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда парванда оғоз ва ба 392 нафар ҷаримабандӣ карда шуданд.

Малоҳат Мансурова - мутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд:

- Бархе падару модарон таълиму тарбияро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, ки ин фикр тамоман хато аст. Мутаассифона, онҳо масъулияти худро эҳсос намекунанд ва боиси ба ҷиноят даст задани фарзандон мегарданд.

Масалан, 4 нафар хонандаи синфҳои 7-8-и яке аз мактабҳои шаҳр сари чамбараки мошин нишаста, гирди маҳалла давр заданд ва вақте корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ онҳоро дастгир кард, дар ҷавоб гуфтанд, ки мо тарзи бе калид ба ҳаракат овардани автомошинаро хостем дар амал санҷем.

Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров духтарчаашро ҳамроҳи бобояш гузошта, аз субҳ то бегоҳ ба савдо машғул мешавад. Духтарча тӯли панҷ сол ҳамроҳи бобояш нишаста, ақалан инкишоф наёфтааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз ӯро ба мактаб - интернати шаҳри Бӯстон равона кардем.

Ҷавонон замонасози худ ҳастанд

Ҷавонони кишвар дар тамоми ҷабҳаҳо фаъолияти хуби корӣ доранд. Барои донишҷӯёну аспирантон ва кадрҳои ҷавон имтиёзҳои махсус барои илм ва ҳам барои истироҳат фароҳам оварда шудааст. Аммо ҳолатҳои таассуфбарангез низ ҳаст, ки касро бетараф намегузорад.

Тибқи маълумоти мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Мадина Ҳомидова, дар давоми се моҳи соли 2018 аз ҷониби ҷавонон 387 ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 38 ҳолат кам мебошад. Теъдоди ҷиноятсодиркунӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров нисбат ба соли гузашта зиёд буда, бештар ба дуздиву муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задаанд.

Дини мубини Ислом ва тарбияи ҳамида

Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода - раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд:

- Аввалан, ҳамаи динҳо барои ҳидояти инсоният аст. Мардумро ба корҳои хайру савоб ва некӯӣ даъват мекунад. Дуввум ҷиҳати динҳо он аст, ки мардумро аз маъсият, гуноҳ, ҷиноят бозмедорад. Вақте инсон ҷиноят содир мекунад, вай ба худ, ба дин, ба мазҳаб ва ба миллати худ хиёнат мекунад. Вақте ҷиноят содир мекунад, маҳбасӣ мешавад ва гунаҳкор ҳисобида мешавад. Ақли инсон аз ҳама чиз боло меистад. Ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, беҳтарин ҷомеа аст. Як нафар ҷиноят содир кунад, мо гуфта наметавонем, ки ҳама ҷинояткор аст. Бояд пеши роҳи онро гирем, зеро инсон ба ҳама чиз қодир мебошад.

Охирсухан

Барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб бояд ҳамагон мубориза барем. Сабабу омилҳои даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавононро бояд хуб омӯхт ва сари вақт пеши роҳи ин гуна падидаҳои номатлубро гирифт. Дар ин ҷода саҳми равоншинос низ калон аст, ки мутаассифона, дар ҷомеаи мо эътиқод ба онҳо хеле кам аст. Агар қаблан тибқи хурофот ба фолбинҳо эътиқод зиёд буд, имрӯз месазад, ки барои паст кардани сатҳи ҷиноят ва тарбияи нодурусти бачаҳо аз нерӯи равоншиносон бояд самаранок истифода барем.

Шаҳбону Олимова,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh