Моҳпарӣ кай обод мешавад?

Бо ҷонибдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳракҳои навбунёд - Сайҳун, Меҳробод, Баҳористон барои аҳолии эҳтиёҷманди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва Моҳпарӣ барои сокинони шаҳри Исфара қитъаи замин ҷудо гардида буд, ки дар замонаш мавзеъҳои бекорхобида ва ё чарогоҳ маҳсуб меёфтанд. Метавон гуфт, ки дар ин мавзеъҳо наздик 50 – 80 фоизи аҳолӣ истиқомат доранду боқимонда бо сабабҳои набудани шароит, хосатан аз танқисии обу нерӯи барқ барои бунёди сохтмон ба кашолкорӣ роҳ дода истодаанд.

Тавре аз таҳлилҳо аён гардид, ҷудо кардани қитъаи замин аз мавзеи Моҳпарӣ ҳанӯз солҳои 1990 - 1995 бо ҷонибдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада, ободонии шаҳрак ба «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ворид гардида буд. Барои бунёди шаҳраки Моҳпарӣ ҳамагӣ 830 гектар замин ҷудо шудааст. Аз мавзеи Моҳпарӣ - 1 410 гектар замин ҷудо гардида, азбаски дар 45 гектари он лӯлаҳои калони гази зеризаминӣ гузаштааст, онро ба боғи мевагӣ табдил доданӣ буданд.

Ҳанӯз дар ҳамон давр барои обёрӣ кардани замин 11 километр канал кофта шуда, тибқи лоиҳа бояд сохтмони ду мактаби миёна, 6 боғчаи бачагона, 4 ҳаммом ва дар қади кӯча 50 бинои чорошёнаи истиқоматӣ ба роҳ монда мешуд. Аз ҷумла, иншоотҳои иҷтимоӣ, аз қабили бозор дар масоҳати қариб 2 гектар, бунгоҳи тиббӣ, тарабхонаву ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ, мағозаҳои хурду калон, марказҳои хизматрасонӣ низ пешбинӣ гардидааст. Мутаассифона, аксари нақшаҳои тарҳрезигардида танҳо дар рӯи варақ мондаасту халос.

Чанд сол муқаддам ҳангоми сафари хизматӣ ба мавзеи номбурда мутасаддиёни мақомоти маҳаллӣ иброз дошта буданд, ки “тибқи лоиҳа дар кӯчаи марказии шаҳрак, ки паҳноиаш 28 метр ва дарозиаш қариб 700 метр мебошад, корҳои ҳамвору шағалпӯшкунӣ, ободонӣ, аз ҷумла шинонидани сутунҳои қади роҳ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ин самт фаъолият ба итмом расонида мешавад”. Воқеан, ҳамон сол ҳангоми боздид сохтмони мактаб барои 1250 хонанда оғоз гардида, ошёнаи якуми он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошт. Мутаассифона, бинои мазкур низ “гӯшти уштурхӯрда” будаасту пас аз се соли боздид мушоҳида кардем, ки бинои нотамом бар асари борону дигар офатҳои табиӣ ба фурӯравӣ омада расидааст.

Вақти боздиди пешин аз мавзеи номбурда мутасаддиён изҳор дошта буданд, ки то кунун барои 2500 нафар аҳолӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим шудаасту боз барои 200 нафар эҳтиёҷманд он омода ва наздик 20 оила сохтмони хонаҳоро оғоз карда, чанд оила аллакай истиқомат доранд. Инчунин, ҳамон сол зиёда аз 100 оила тариқи муҳоҷирати дохилӣ бо кӯмакпулии махсус - маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми то се ҳазор сомонӣ аз ҷамоатҳои Навгилем, Шаҳрак ва Сурх кӯчонида шуда буданд. Чунин амалиёт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз шаҳру навоҳии камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015» аз сеюми декабри соли 2012 рӯи кор омада буд. Соли 2013 дар масофаи 11,7 километр лӯлаҳои диаметраш 315 миллиметра хобонида шуда, барои беҳтар кардани вазъи оби ошомиданӣ ва полезӣ ба бунёди ду ҳавзи ғунҷоишаш ду ҳазор метри мукааб оғоз намуда буданд.

Дар ин давр наздик се ҳазор оила аз шаҳри Исфара дар мавзеи Моҳпарӣ соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд.

Дар урфият “обу ободонӣ” мегӯянд. Мавзеъҳои навбунёд агар аз ду манбаъ – об ва нерӯи барқ таъмин бошанд, он гоҳ мардум дар ин ҷо, албатта, майли зиндагӣ карданро пайдо мекунанд. Мутаассифона мавзеи Моҳпарӣ ҳам аз ин ду манбаи асосии ҳаёт баҳраманд нест. Вақте бори охирон, аниқтараш моҳи сипарӣ бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба шаҳри Исфара сафари хизматӣ доштем, дар ин бобат дигаргуние дида нашуд.

Таъмини об ва нерӯи барқ то ҳол муаммост. Ягона навгоние, ки ба назар расид, соли равон роҳи Конибодом – Исфара, ки аз мавзеи Моҳпарӣ низ мегузарад, мумфарш гардидааст.

Агар об мебуд...

Бобати мушкилот ва муаммои оби ошомиданӣ ва полезӣ дар шаҳри Исфара мутасаддиён чанд пешниҳоди хешро низ иброз доштанд:

 - Аслан обёрӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо яке аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳоти мухталифи шаҳри Исфара мебошад. Дар ҳолати ҳал гардидани масъалаи мазкур истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, аҳолӣ низ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳоло аз 90 чоҳи амудии мелиоративӣ 64 ададаш бе таҷҳизот ва танҳо 19 адади он коршоям аст. Воқеан, 19 дастгоҳи пойгоҳи обкашӣ, 75 иншооти обгирӣ, 22 адад обченкунакҳо ба таъмиру тармими куллӣ ниёз дошта, зарурати васеъ намудани пойгоҳҳои обкашии Моҳпарӣ-1 ва Моҳпарӣ–2 ба миён омадааст. Бо ин мақсад мақомотҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалиро ҷалб сохтан зарур аст. Айни замон тавассути пойгоҳҳои обкашии Моҳпарӣ - 1 ва Моҳпарӣ - 2 наздик 1,6 ҳазор гектар замин бо оби полезӣ таъмин шавад ҳам бинобар куҳна будану нокифоягии иқтидорҳои мавҷуда боз наздик 3 ҳазор гектар замин аз об танқисӣ мекашад. Аз сабаби он ки арзиши истифодаи обрасонии механикӣ гарон аст, ягона роҳи раҳоӣ ба итмом расонидани сохтмони хатти оби худҷоришавандаи «Сурх-Моҳпарӣ» мебошад, ки он 14 километр дарозӣ дошта, танҳо 10 фисади кор ба анҷом расидаасту халос. Ҳамзамон, баъд аз татбиқи лоиҳаи мазкур 9,4 миллион киловатт нерӯи барқи дар пойгоҳи обкашии Моҳпарӣ - 1 истифодашаванда барои пешбурди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва дигар хизматрасониҳо равона карда мешавад. Чунин усули кор имкон медиҳад, ки хазинаи буҷети давлат ғанӣ гардида, хушкшавии боғ боздошта ва ҷойҳои корӣ муҳайё шуда, ба ин васила сатҳи камбизоатӣ низ поён равад. Инчунин, ба истифода додани иншооти мазкур метавонад ҳолати обтаъминкунии 3680 гектар боғотро беҳтар ва қитъаи замини наздиҳавлигии 5555 оиларо таъмин намояд.

Хатти нерӯи барқи худсохт. Оё он хавфнок нест?

Мутасаддиён дар бахши таъминоти оби полезӣ ва ошомиданӣ андешаи хеш иброз доштанд, вале айни замон муаммои дигар – таъминот бо нерӯи барқ то кадом андоза ҳалли худро хоҳад ёфт?

Бино ба гуфти сардори ҶСК «Шабакаҳои барқи Исфара» Сулаймон Қосимӣ дар тавозуни шабакаи мазкур 15 зеристгоҳ амал мекунад, ба 39824 муштарӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар истифодабарандагону муштариёни маишӣ хизмат мерасонад. Соли 2010 - ум 669 зеристгоҳи трансформаторӣ бо тавоноии умумии 153,095 МВА фаъолият дошт. Афзоиши аҳолӣ, нақшаи рушди манзил – бунёди маҳаллаҳои аҳолинишини Сомониёну мавзеи Моҳпарӣ (маҳаллаҳои Ваҳдат ва Истиқлол), маҳаллаи Айнии шаҳраки Шӯроб, деҳаи Офтобрӯяи Ҷамоати деҳоти Навгилем ва обшор намудани заминҳои навкорам ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкорон нокифоягии иқтидорҳои мавҷударо ба миён оварда, зарурияти таҳия ва татбиқи васеъкунии иқтидору тавоноии шабакаҳои барқии шаҳрро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, тавоноии мавҷуда мувофиқи матлаб набуда, балки ба зиёдшавии сарбории зеристгоҳҳо оварда расонидааст. Барои пешгирӣ намудани танқисии тавоноӣ дар шафати зеристгоҳи “Комбинати масолеҳи бинокорӣ” сохтмони ЗИ-35/10 кВт бо тавоноии 2х2500 кВА ба нақшаи рушди энергетикаи шаҳр дохил карда шудааст, ки таъмини аҳолии Ҷамоати деҳоти Хонободро бо нерӯи барқ дар бар мегирад.

Афзоиши аҳолӣ сабаби пайдоиши маҳалҳои нав гардида, дар ҷамоатҳо барои бо қувваи барқ таъмин намудан сохтмони хатти интиқоли барқро ба миён овардааст. Хатҳои асосии таъмини нерӯи барқ барои аҳолӣ аз хатҳои кабелӣ сурат мегирад, ки он аз солҳои 1970-1975 инҷониб мавриди истифода қарор дошт ва имрӯз зарурати иваз кардани он ба миён омадааст. Барои рушди соҳа сохтани НБО-ҳои хурд дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара хеле муҳим мебошад. Тадқиқоти гузаронидаи «Кумитаи тараққиёти шаҳр» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Қалъача» нишон доданд, ки дар ҳудуди шаҳр якчанд НБО-ҳои хурду миёна сохтан мумкин ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 500 то ба 1500 кВт баробар буда, шаҳрро қисман (25-30 фоиз) бо барқ таъмин карда метавонанд.

Кай манзил бунёд мекунанд?

Вақте ба ин шаҳрак назар кардем, макони ноободро мемонд. Аз рӯи маълумоти мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Исфара М. Фаттоев аз мавзеи Моҳпарӣ барои 2532 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда бошад ҳам, аммо тавре дар боло қайд кардем, ба сабаби набудани об ва нерӯи барқ шумораи ками аҳолӣ манзил бунёд кардаанд. Баъзе нафарон, ба андешаи мо, нисбатан шароити зисти беҳтар доранд, аз гирифтани манзил аз ин мавзеъ рад ва бархе аз рӯи масали «ранг бину ҳол пурс» роҳи гурезро пеша кардаанд, бархеи дигар бо мақсади он, ки як пора замин аз даст наравад, гӯиё иморат пӯшида истода бошанд. Як ё ду мошин санг партофтаанд ва тахминан даҳ оила шояд аз он зиёд бошад, истиқомат доранд, ки он ҳам бо истифодаи хатти нерӯи барқи худкашида ва оби кашонида. Магар хатти нерӯи барқе, ки аҳолӣ худсарона кашидааст, хатар ба ҷон надорад? Вақте дар ин бобат мутасаддиёнро пурсон шудем, онҳо хомӯширо авло донистанд.

Тибқи иттилои Мубин Фаттоев аз 2532 оилаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта ҳамагӣ 810 оила ба сохтмон оғоз кардаанд. Аз ҷумла, аз Ҷамоати деҳоти Ворух ба 418 оила дода шуда, аз он ҳамагӣ 130 нафар ба сохтмон оғоз намудаанд. Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз 370 нафари соҳиби замин гардида 85 нафар, Ҷамоати деҳоти Сурх аз 80 оила 32 оила, Ҷамоати деҳоти Шаҳрак аз 313 оила 107 оила, Ҷамоати деҳоти Навгилем аз 338 оила 75, Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз 90 оила 18 оила, Ҷамоати деҳоти Лаккон аз 28 оила 15 оила, Ҷамоати шаҳраки Нурафшон аз 14 оила 6 оила, Ҷамоати деҳоти Хонобод аз 140 оила 34 оила, Ҷамоати деҳоти Нефтобод аз 40 оила 12 ва аз шаҳри Исфара аз 701 оила 276 оила ба бунёди манзили зист оғоз кардаанд. Воқеан, ин маълумот ва ҳолатеҳое, ки мо дидем, бо ҳам мутобиқат намекунанд, зеро сангҳои партофташуда ва пойдевору хонаҳои қоматафрохта дар шумор хеле каманд. Боқӣ қазоват ба худи масъулин...

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”,
Хуҷанд-Исфара-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh