Ҳушёрии сиёсӣ лозиму фирефтаи иғво нагаштан!

Мо насли ҷавони истиқлол аз ҳар сухани Пешвои миллат як ҷаҳон дарси ибрат мегирем. Аз ҷумла, таъкидҳои Президенти кишвар оид ба низоъҳои солҳои охир, ки дар мулоқот бо фаъолон 12 майи соли ҷорӣ садо дод, мо - ҷавононро ҳушдор медиҳад.

Бубинед, ки дар ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ҳалок ва шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. Ё ин ки дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.

Дар ҷамъбасти ин фикр Сарвари давлатамон мегӯянд, ки имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ табдил додаанд.

Аз суханрониҳои Пешвои миллат мо - ҷавононро лозим аст, ки хулосаҳои дуруст барорем. Донем, ки оқибати ҳама гуна ҷангу ҷидол, кашмакашиҳо ба чӣ оварда мерасонад – танҳо ба фоҷеа, фалокат, бадбахтӣ. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои иғвоангез нагардем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Фикри ягонаи мо ободии кишвар бошад.

Хиромон МАҲМАДОВА,
донишҷӯи соли дуюми
факултети химия ва биологияи
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh