Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Бӯстон

Нимаи дуюми рӯзи 18 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни боздид аз шаҳри Бӯстон ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3 километр роҳҳои шаҳри Бӯстон мумфарш карда мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми суҳбат бо истиқоматкунандагони кӯчаи мазкур зикр намуд, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд дар аксари шаҳру ноҳияҳо таъмиру навсозии роҳҳо оғоз гардида, ободу сарсабз намудани кӯчаву хиёбонҳо идома дорад.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз бунбасти комуникатсионӣ бароварда шудани кишвар таъкид дошт, ки сокинон низ бояд барои ободии маҳалли хеш кӯшиш намоянд.

Сипас, нақшаи мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон муаррифӣ карда шуд. Масъулин ҳамзамон нақшаи кулли боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айниро, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроиия ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон навсозӣ мегардад, муаррифӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh