Пошхӯрии оилаҳо нигаронкунанда аст!

Дар толори САҲШ – и вилоят нишасти матбуотии ду сохтор - Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд доир гардид.

Сараввал, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримов доир ба ҷамъбасти нимсола маълумот дод. Ӯ афзуд, ки теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар соли равон беш аз ду ҳазор нафар буда, аз онҳо 664 нафар ҷавонон ҳастанд. Шумораи умумии гирандагони стипендия 723 нафар аст, ки 78 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 130 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят ва боқимонда гирандаи стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Дар вилоят шумораи донишҷӯён 60 ҳазору 963 нафар ва хатмкунандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, 2 ҳазору 841 нафар аст, ки аз ин миқдор 2112 нафар писар ва 729 нафар духтар мебошад.

Боиси нигаронист, ки давоми шаш моҳ шумораи гирифторони бемориҳои ВНМО/БПНМ 123 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Сипас, сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Муқаддама Ҳошимзода дар бобати бурду бохти соҳа маълумот дод. Ӯ гуфт, ки дар вилоят 52322 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шуданд. Аз ҷумла, сабти таваллуд - 26887, вафот - 5604, никоҳ - 8768, қайди берун аз муҳлати таваллуди кӯдакони навзод – 2191, муқаррар кардани падарӣ – 1489, фарзандхонӣ – 126, иваз кардани насаб, ном ва номи падар – 4933 ададро ташкил дод.

- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаю бахшҳо ин барпо намудани оилаҳои пойдор ва пешгирии вайроншавии он ба ҳисоб меравад. Дар шаш моҳи соли равон 8768 сабт ва 2180 бекор кардани никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли сипаришуда 71 ҳолат зиёд мебошад. 68 фисади сабти никоҳи оилаҳо бо қарорҳои суд бекор карда шудаанд, - гуфт Муқаддама Ҳошимзода.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба бурду бохт, камбудиву норасоии фаъолияти соҳаҳо суол дода, аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh