Гулистон: Норасоии мутахассисони тиб ва маориф

Дар корхонаҳои саноатӣ - истеҳсолии шаҳр ба андозаи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот аз рӯи 93 намуди аслӣ истеҳсол шуд, ки аз нақша 33,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон, ба рушди иқтисодиёти шаҳр 254 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид. Ин нуктаҳоро дар нишасти хабарӣ раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода иброз дошт.

Маҷмӯи хизматрасонии пулакӣ дар ин давр ба аҳолӣ 34,7 миллион сомониро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин марҳалаи соли гузашта 3 миллион сомонӣ зиёд аст. Музди маоши миёна дар шаҳр 1776 сомонӣ буда, барномаи дурнамо 122,6 фоиз таъмин гардидааст.

Дар шаҳр 9 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуда, корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давр ба маблағи 88,8 миллион сомонӣ иҷро гардида, 92,6 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода гардид, ки нисбати ҳамин даври соли гузашта 57,4 миллион сомонӣ зиёд ба назар мерасад. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳолати 25 муассисаи таълимии шаҳр ба талабот ҷавобгӯ буда, мактабҳои садамавӣ вуҷуд надоранд.

- Аммо норасоии мутахассисони соҳаҳои тиб ва маориф андак моро ба ташвиш овардааст, - мегӯяд раиси шаҳр.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар як вақт имкони қабул барои 2000 истироҳаткунандаву табобатгиранда шароит фароҳам буда, то имрӯз 1782 хориҷӣ ва 9333 истироҳаткунандаи дохилӣ ташриф овардаанд. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13,4 миллион сомонӣ буда, аз он 2,5 миллион сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 1300 рӯзи меҳнати зарбдор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки 102 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода диҳад.

Н.Суннатӣ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh