Қонунвайронкунии 70 сокини вилоят

Давоми шаш моҳи аввали соли равон дар вилоят хатнасури беш аз 100 нафар ва тӯйи домодиву арӯсии 14 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Инчунин, дар вилоят 6526 тӯйи домодиву арӯсӣ, 1006 маросими чил ва 528 маъракаи сол баргузор гардид, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака беш аз 5000 сомонӣ рост меояд, - иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сӯҳроб Рустамзода.

Маълум гардид, ки дар рафти баргузории тӯйу маъракаҳо аз ҷониби баъзе нафарон қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, дар умум 70 қонуншиканӣ муайян гардид. Онҳо бештар дар Истаравшан, Исфара ва Конибодом ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба дигар шаҳру навоҳӣ бештар аст.

 Масъулин доир ба маросими ҳаҷ иттилоъ доданд, ки имсол 1600 нафар сокини вилоят ба зиёрат мераванд. Ҳамчунин, аз ҳисоби квотаи Пешвои миллат 4 нафар ба зиёрати Каъба хоҳанд рафт.

Дар нишасти матбуотӣ масъулин ба саволҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh