САЛОМ, АВТОБУС - ХАЙР, «МАРШРУТКА»!


Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, 30 июли соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони шаҳри бостонии Хуҷанд дар назди хиёбони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи муҳими фараҳбахш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта - маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Интихоби ронандагон тариқи озмун - айни муддао

Аз 1-уми августи соли равон автобусҳо бо хатсайрҳои микроноҳияи 3-юми шаҳри Хуҷанд ба воситаи хиёбонҳои Истиқлолу Исмоили Сомонии шаҳр ва маҳаллаи Тиллокон (микроноҳияҳои 8-12) ба воситаи кӯчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиев ва хиёбони Исмоили Сомонӣ то ба истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти хешро оғоз бахшиданд.

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи аввали ба фаъолият оғознамоии автобусҳо, дар хатсайрҳои номбурда ба шаҳрвандон хизматрасонии комилан ройгон ба роҳ монда, нархи роҳкирои автобусҳо 1 сомонӣ муайян карда шуд. Ин дар ҳолест, ки нархи роҳкирои Газелу Мерседес - Спринтерҳо шурӯъ аз моҳи июли соли 2018 ба 1 сомонию 30 дирам дакка хӯрд ва боиси нороҳатии сокинон гашт. Бо вуҷуди ин, сатҳи хизматрасонӣ дар микроавтобусҳо ҳамоно чун қаблина дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, дар гармои тобистон аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон монанди ҳамешагӣ ба чашм мерасад. Гузашта аз ин, аз мусоҳибаҳо бармеояд, ки 90 фоизи ронандагони микроавтобусҳо ронандагони касбӣ набуда, бархе аз онҳо ҳатто одоби муошират ва фарҳанги муносибатро бо мусофирон намедонистаанд. ҳаракатҳои берабту байни ҳамдигар сабқатҳои ноҷову «пробка»-ҳои роҳҳо асосан аз ҳисоби ронандагони микроавтобус буда, чунончӣ як назарсанҷӣ муайян намуд, ки аксари онҳо ҷавонони камтаҷрибаанд.

Маҳз ин нукта буд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади хеш изҳор дошт, ки ронандагони автобусҳо тариқи озмун аз миёни 120 довталаб интихоб гардидаанд, ки ҳамаашон собиқаи корӣ ва малакаи касбии ронандагӣ доранд. Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ 75 автобуси дигари тамғаи “ЛиАЗ” ба маркази вилоят ворид карда мешавад.

Назари сокинон ба ин пешомад чӣ гуна аст? Оё онҳо аз иқдоми мазкур фараҳманданд? Автобус беҳтар аст ё микроавтобус? Ин ва якчанд суолҳое буд, ки зимни суҳбати сарироҳӣ сокинон ба мо посух гуфтанд.

Бо ҳуҷҷати оддӣ дар нақлиёти касбӣ?

- Адҳам Акбаров - Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Истаравшан, 69-сола:

- Автобус роҳро зеб медиҳад ва салобати хоси афзункунандаи ҳусни шаҳрро дорад. Агар мо хоҳем, ки дар роҳҳои шаҳру навоҳии атрофи он тамбашавии нақлиёт ба миён наояд, ягона илоҷ пурра ба хидматрасонии автобус гузаштан аст. Зеро мо бисёр мушоҳида кардаем, ки дар тамбашавиҳои дилбазан асосан аз ҳисоби берабтиҳои микроавтобусҳо ба миён меояд. Вақте ба Хуҷанд омадам, табъам болида шуд, автобусҳоро дида, ҷавониҳои солҳои шастум ба ёдам омад, ки дар ИДПЛ ба номи С.М.Киров алъон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекардам. Воқеан, дар шаҳр хизматгузории автобусҳо он вақт шоистаи таҳсин буд, ки тамоми канораи шаҳрро бемалол давр мезадем. Бовар дорам, ки он анъанаи мондагор бори дигар эҳё мешавад.

Мирсаид Неъматов - духтури собиқадор, сокини шаҳри Хуҷанд, 73-сола:

- Боиси хушҳолист, ки тариқи озмун ронандагони касбӣ интихоб гардиданд. Зеро, қаблан дар замони Шӯравӣ барои ҳуҷҷати ронандагии касбии нақлиёти ҷамъиятӣ 2 сол таҳсил карда, солҳо шогирд меистоданд ва баъдан ба кор қабул мешуданд. Алъон, ронандагони микроавтобусҳои бо ҳуҷҷатҳои дар се моҳ ба дастовардаи оддӣ (любителҳский) ба мардум хизмат мерасонанд, ки на фарҳанги муоширатро сокинон медонанд ва на масъулият мешиносанду на саломатии мардумро фикр мекунанд. Танҳо фикру зикри онҳо дар сабқату бештар мусофирон гирифтан ва пул кор кардан асту халос. Роҳандозии автобусҳо ин ноҷӯрии зиндагии моро бартараф карда, боиси кам шудани садамаҳои нақлиётӣ мегардад ва саломатии мардум ҳифз мешавад.

Чанбараки автобус ин танҳо чанбараки хушку холӣ нест, балки тақдири садҳо нафарро ҳал мекунад ва аз ҷое ба ҷое мусофиронро интиқол медиҳад, ки масъулияти хеле бузург аст. Ҷони ин чанбарак ҷони мардум аст, ки ибтикори Раиси вилоят аз ин лиҳоз хеле саривақтӣ мебошад.

Ҳилаҳои шаръии техникӣ ва реставратсияи тоҷикона?

Усмон Саид - сокини Ҷамоати деҳоти Ғозиён, 75-сола:

- Ба ғайр аз Газелу Мерседес-Спринтерҳо Старексу Дамас низ хидмат мекарданд, ки инҳо барои нақлиётҳои ҷамъиятии мусофиркашонӣ номумкин аст, зеро онҳо аслан боркашон ҳастанд. Ба шаҳру ноҳияҳои мо одамҳои корчаллон ин нақлиётҳоро оварда оина часпонида, курсиҳо шинонида, ба мусофиркашонӣ табдил додаанд. Баъзе Газелҳо низ боркашон буданд, ки бо чунин «реставратсияи тоҷикӣ» аз боркашонӣ ба мусофиркашонӣ мубаддал шудаанд. Автобус воқеан нақлиёти ҷамъиятӣ буда, шахсан ман хеле шодам, ки иқдоми истифодаи он роҳандозӣ шудааст.

Мухториён Насим, сокини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, 41-сола:

- Наслҳое, ки каму беш нону намаки Шӯравиро чашидаанд, қадри автобусро медонанд, ки чӣ қадар ҳаловату таровати дигар дошт. Газелҳо аз ноилоҷӣ ба мардум хидмат мерасониданд. Онҳо, ки хурдҳаҷм ҳастанд, танҳо барои фирмаву корхонаҳо барои кашонидани молу маҳсулот ва ё кормандон муқаррар шудаанд. Лекин нақлиёти ҷамъиятӣ маҳз автобус мебошад, ки ба стандарт ҷавобгӯ аст. Бовар дорем торафт баъзе мушкилиҳои ҷойдошта бартараф шуда, хатсайрҳо ба худ низому мароми махсус пайдо мекунанд ва боиси равуои бемалоли сокинон мегарданд.

Абдурауф Хӯҷамбердиев - нафақахӯр, собиқ ронанда, 66-сола:

- Ба ёд меорам, ки автобазаи мусофиркашонии №31-и шаҳр пур ва моломоли автобусҳои гуногунтамға аз қабили «Икарус», «Лҳвов» «ПАЗик», «ЗиЛ» ва ғайра буд. Тамоми хатсайрҳо аз рӯи реҷаҳои тасдиқшуда бекаму кост ба мардум хизмат мерасониданд. Аз таъкидҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода огоҳ ва шод шудам, ки барои автобусҳои нав воридшуда қароргоҳи хубу замонавӣ ташкил карда мешавад. Ин иқдом итминон аст, ки рабту низоми замони Шӯравиро бори дигар бо тарзи мудерн роҳандозӣ намуда, сокинонро хушҳол месозад.

Тадбир алайҳи донишҷӯёни саркаш

Аҳрорҷон Убайдуллоев - устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Борҳо донишҷӯён ба дарсҳо дер меомаданд. Мо - омӯзгорон ва устодони донишгоҳ ба дермонии онҳо эрод мегирифтем. Дарҳол посух чунин буд, ки гӯё газелҳо пур аз одаму онҳоро савор накардаанд. Чунин баҳонаҳои донишҷӯён аслан ҷой дошт. Зеро маршруткаҳо то 20 нафар мусофирро савор мекунанд, ки дар қиболи ин автобусҳои замонавӣ то 100 нафарро метавонанд дар як вақт аз ҷое ба ҷое бубаранд.

Аз ин лиҳоз, ба кор андохтани ҳаракати автобусҳо итминон дорам, ки чунин бебандубориро аз байн мебарад ва шароити хуби мусофирон алалхусус, донишҷӯёнро таъмин мекунад. Аз тарафи дигар, дар даври Шӯравӣ ягон донишҷӯ бо мошини шахсӣ ба дарс намеомад, маҳз фаъолияти бенизоми маршруткаҳо буд, ки бо баҳонаи ба дарс дер наомадан саворшавии донишҷӯёнро ба мошинҳои шахсӣ ба миён оварда, боиси ташвиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гашт. Ин як проблемаи глобалӣ буд. Бовар дорем, ки ташкили автобусҳои замонавию барҳаво ин муамморо низ аз байн хоҳад бурд.

Хулоса ё лутфи латиф

Аз суҳбатҳо бармеояд, ки сокинон аз иқдоми роҳандозии автобусҳо дар масири шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он хеле хушҳоланд. Бо боварҳо метавон ба натиҷа расид, ки то охири сол хизматрасонии 100 автобус метавонад, тамоми ниёзи мусофиронро бароварда гардонад. Аммо боз интизор меравад, ки солҳои оянда марҳала ба марҳала теъдоди автобусҳо бештар шуда, аз ин ҳам хубтару беҳтар сокинон ризову мамнун хоҳанд гашт.

Хулосаи техникӣ ва лутфи латифи ин сатрҳо метавонад як ҳарф бошад: Хайр, «маршрутка», - салом, автобус!

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh