Норасоии маблағ дар суғурта ва андози иҷтимоӣ

Дар шаш моҳи соли 2018 дар миқёси вилоят бо сабабҳои гуногун воридшавии 1 701 нафар шаҳрванд, ки 208 нафарашон зан аст, ба кишвари хориҷа, ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ, алалхусус ба Федератсияи Русия манъ шудааст, - гуфт сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки давоми моҳҳои январ – июн 53811 нафар сокини вилоят ба хориҷа сафар карданд, ки аз ин шумора 8029 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бинобар дар Русия баргузор гардидани чемпионати футбол шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ кам шудааст. Аз ҷониби ҶДММ «Бирҷаи меҳнати ҷавонон» 68 муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Волгоград бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Дар ин радиф ҶДММ «Мирзо ва К» дар мувофиқа бо Раёсат 341 сокини ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расуловро барои кор ба Федератсияи Русия сафарбар карданд. Дар умум ин ду субъекти хоҷагидор 112 нафар зан ва 297 нафар мардро бо кор таъмин сохтанд.

Зайнура Шарифӣ гуфт, ки ҳангоми гузаронидани 25 санҷиши назоратӣ 43 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардид, ки бештари он аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой содир шудааст. Дар натиҷа нисбат ба 6 нафар ҷазои маъмурӣ бо берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуд.

- Дар шаш моҳи соли равон ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят 14584 нафар шаҳрванд ҳамчун корҷӯй муроҷиат карданд. 51,4 фоиз зан ва 63,8 фоиз мард ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, - гуфт сардори Агентӣ Нодирӣ Шермуҳаммад.

Ӯ иброз дошт, ки бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи он 566 шаҳрванд бо кор таъмин шуданд.

Ҳамчунин, 240 нафар муҳоҷири ба Ватан баргашта муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 37 нафар зан буданд. 57 нафари онҳо бо кори доимӣ, 40 нафар ба тайёрии касбӣ, 24 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта ва ба 19 нафар қарзи имтиёзнок барои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дода шуд.

- Таъминоти нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - гуфт муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Манзура Мавлонова.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба фаъолияти се сохтор суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh