Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт

14 августи соли 2018 дар арафаи иди касбии кормандони соҳаи тиб Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов санги асос гузошт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо кормандони соҳаи тиб аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи тиб ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ёдовар гардида, табибонро бо иди касбиашон табрик гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 5025 нафар табибон фаъолият доранд ва аз ҷумлаи онҳо 80 нафарашон соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзади илмҳои тиб мебошанд. Илова бар ин, 16659 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6395 нафар кормандони хурди тиб ёварони ҳақиқии табибон маҳсуб ёфта, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Маҳз беҳтар шудани шароти корӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини шудани муассисаҳои соҳа бо кадрҳои баландихтисос дар беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат намудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи тандурустӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд ва ҳамасола даҳҳо иншооти нави соҳа бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва навсозии беш аз 260 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин худ гувоҳи таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад.

Дар навбати худ собиқадорон ва кормандони Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов барои таваҷҷуҳи хоса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, ваъда доданд, ки дар оянда сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд мебардоранд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои сохташаванда иттилоъ дода шуд, ки бинои нави табобатӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, барои 120 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоятбуда, пудратчӣҶДММ «Евростройсервис» мебошад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳа дастур дод, ки бинои мазкур тибқи меъёрҳои замони муосир сохта шуда, бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз гардонда шавад. Ин марказ дар оянда та танҳо ба мардуми кишвар, балки ба сокинони кишварҳои ҳамсоя низ хизмати тиббӣ мерасонад.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят собиқадорони соҳаи тибби вилоят Бибиамина Холматова ва Бахтиёр Ахмедовро аёдат намуда, аз саҳми онҳо дар рушди тибби ҷумҳурӣ ёдовар шуд.

Бибиамина Холматова духтури хизматнишондодаи ҷумҳурӣ буда, 50 соли умри бобаракати худро дар роҳи хизмат ба мардум гузаронидааст. Асосгузори саратоншиносии тоҷик, профессор Бахтиёр Ахмедов бошад 60 сол дар соҳаи тиб фаъолияти босамар намуда, имрӯз дар маркази саратоншиносии вилоят донишу таҷрибаҳои назариявиву амалии худро ба шогирдонаш меомӯзонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh