Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат дар шаҳр бомаром идома дорад. Сол аз сол ҳаҷми солонаи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр дар доираи Барномаи дарозмуддати рушди соҳаи тандурустӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои табобатӣ, таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаримтиёз бо дорувории бепул ва дигар имтиёзҳои марбут ба ҳифзи сиҳатӣ, нишони чунин эътибор ва ғамхориҳост.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаҳои тандурустӣ амал намуда, дар онҳо 2260 нафар кормандони тиб адои вазифа доранд. Аз онҳо 580 нафар духтурон, 831 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 889 нафар дигар кормандони тиб мебошанд. Инчунин, бо унвонҳои Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 35 нафар, номзади илм - 16 нафар, профессор 3 нафар, Корманди Шоистаи Тоҷикистон - 6 нафар ва дорандаи Медали “Шафқат”- 5 нафар фаъолият мебаранд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба зиёда аз 60 нафар фаъолон ва собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳр аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хуҷанд сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh