Ғарқшавӣ кам шудааст

Аз тарафи Раёсати вилоятӣ ҷиҳати огоҳонидани аҳолӣ доир ба пешгирии ҳодисаи ғарқшавӣ дар мавзеи обутобгоҳҳои дарёи Сир, соҳили Баҳри тоҷик ва шаҳру ноҳияҳо лавҳаҳои огоҳкунанда бо рақами навбатдорӣ насб карда шудааст. Новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли равон 89 ҳолати ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кӯлу дарё ва обанбор ба қайд гирифта, 57 нафар аз тарафи наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамал наҷот дода шуд. Ҷасади 32 нафар аз об бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 2 нафар кам мебошад. Далелҳои мазкур дар нишасти навбатии хабарии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд изҳор гардид.

Ҳамчунин, Баҳром Додиён - сардори Раёсат иброз дошт, ки дар вилоят панҷ ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта чор ҳодиса зиёд аст. Ба буҷаи вилоят 7 миллиону 931 ҳазору 434 сомонӣ зарар расидааст, ки дар натиҷа панҷ нафар ҳалок шудаанд.

Анвар Қосимов - муовини сардори Раёсати кумитаи номбурда қайд кард, ки аз ҷониби дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ соли равон 22 амалиёти наҷотдиҳӣ, 8 ҳолати кушодани дари хонаҳои истиқоматӣ, ду ҳодисаи бартараф намудани оқибати садамаи нақлиёт, 11 ҳолати гузаронидани корҳои рӯиобию зериобӣ ва амалиёти наҷотдиҳӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷоми нишаст бо сардори Раёсат ва шахсони масъул доир ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулода бо намояндагони васоити ахбори омма суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 "Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh