Ифтитоҳи тарабхона, ҳаммом ва ду майдончаи варзишӣ дар шаҳри Панҷакент

30 августи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоӣ ва анҷом додани суҳбату мулоқот бо фаъолони шаҳри Панҷакент ба ин шаҳри бостонӣ сафар намуд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилоят ба деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳр ташриф оварда, дар расми баистифодадиҳии Маҷмааи фароғатӣ, ки аз майдончаи варзишӣ, сартарошхона, чойхона, тарабхона ва ҳаммом иборат мебошад, иштирок намуд. Фармоишгари иншоот соҳибкор Шокир Ахмедов маҳсуб ёфта, корҳои сохтмонӣ аасосан ба тариқи ҳашар ба анҷом расонида шудааст.

Чуноне дар аснои ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, андозаи майдончаи варзишӣ 40Х20 буда, масоҳати умумии он 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар майдонча барои навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти дигари муҳими иҷтимоӣ - ҳаммом бошад аз як ошёна иборат буда, барои 20 нафар дар як вақт хизмат мерасонад. Бинои тарабхона, ки бо истифода аз услубҳои меъмории миллӣ бунёд шудааст, низ аз як ошёна иборат аст ва дорои 150 ҷой мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон доир ба корҳои ободониву созандагие, ки истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҷараён дорад, маълумот дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҳаммому дигар иншооти иҷтимоӣ намунаи ибрат арзёбӣ кард.

Худи ҳамин рӯз бо иштироки Раиси вилоят дар хиёбони ба номи Устод Рӯдакии шаҳри Панҷакент боз як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Фармоишгар ва пудратчии иншооти варзишӣ ҶСК "Панҷакентсоз" буда, масоҳати майдонча 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар гирду атрофи майдончаи варзишӣ нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд гардида, чароҳғои равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки сокинон шабона низ дар майдончаи варзишӣ тамрин намуда, дар муҳити тозаву озода сайругашт намоянд.

Раиси вилоят ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва шароити фароҳамшуда барои сайру гашти сокинонро дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба сокинони шаҳр унвон карда, иброз дошт, ки ҷавонону наврасон бояд ҳарчи бештар ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шаванд.

Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба мумфаршкунии 1,3 км роҳи маҳаллӣ оғоз бахшида шуд. Тибқи иттилои масъулин роҳи мазкур бо ташаббуси сокинон ва саҳмгузории саховатмандон мумфарш карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh