ҚАДРДОНӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШН

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мӯмин Машокир баробари пазироии меҳмонон устодону донишҷӯёнро  бо иди  фархундаи  27-умин солгарди   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба муносибати солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ба самъи ҳозирин расонд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва муҳассилини ДДҲБСТ- зодаю парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ ва аз сидқи дил  муборакбод намуда, доир ба саҳми назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар тақвияти фаъолияти ҳизб сухан ронд.

 Дотсентон  Ҳабибулло Тоатов, Шероз Тоҷибоев ва докторант Давлат Бобоҷонов  аз нақши истиқлолият дар таҳкими давлатдории тоҷикон, мушкилоти ба даст овардани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими қонуният дар кишвари ҷангзада ва ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидани иқтисодиёти миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Гурӯҳе устодону кормандони хоҷагӣ барои меҳнати содиқона дар таълиму тарбияи насли созанда ва саҳми арзанда дар баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, донишҷӯёне, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва роҳбарони онҳо бо мукофоти пулӣ ва  ғолибони озмуну мусобиқаҳои  гуногун бо мукофотҳои арзанда сарфароз гардиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд С.Фаттоҳзода барои хизматҳои шоён дар густариши фаъолияти ҳизб ба ректори донишгоҳ Шарифзода М.М ва устоди донишгоҳ Ҷ.Тӯраев медали ҷашнӣ ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ супурд.

Солеҳи ЗАРИФЗОД,
          сармуҳаррири нашрияи донишгоҳии “Маъвои хирад”

Add comment


Security code
Refresh