Муҳити солим-тарбияи солим

Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи бунёдкориву созандагӣ, ҳисси эҳтиром ба таърихи миллат, мероси пурқиммати ниёгон, дастовардҳои замони Истиқлолият, равона сохтани майлу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари насли наврас аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Мо падару модарон барои таълиму тарбияи фарзандони худ ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем, зеро ки  як лаҳза бепарвогии мо дар ин бобат оқибати нохушро ба бор меоварад. Бо ин васила дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бояд бошему Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро амалан иҷро намоем.

Нахуствазифаи оила тарбияи шоистаи фарзандон аст. Мактаби асосии тарбия муносибати байниҳамдигарии зану мард, падару модар мебошад.

Масъалаи дигар ин боло бурдани маърифати оиладорӣ ва боз ҳам таъкид гардидани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

           Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари иҷтимоӣ воҳиди асосии ҳаёт буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.

Он оилае, ки фарзанд дошта, тарбия карда тавонад,оилаи мукаммал ҳисобида мешавад. Фарзанд боиси хушбахтии падару модар мебошад, ҳар чӣ қадар гирди дастархон фарзандони зиёде ҷамъ оянд,  ҳамон қадар хурсандии зиёд оиларо фаро мегирад. Аммо тарбияи дурусти кӯдак аз падару модар вобаста аст, сарчашмаи тарбияи кӯдак ин оила мебошад. Тарбияи кӯдак дар оила кори саҳл нест. Маърифати баланди оиладорӣ сабру таҳаммулро тақозо мекунад, ки волидон аз илми равоншиносӣ бархӯрдор бошанд. Якдигарфаҳмии оилавӣ дар тарбияи кӯдак нақши муҳимро мебозад. Бояд зикр кард,  ки дар оила ҳуқуқи зану шавҳар баробар дониста шавад. Пӯшида нест, ки агар сардори оила- падар, бо дӯғу пӯписа гапи худро гузаронад, сабаби нофаҳмиҳо ва боиси хафагии оила мегардад.  Дар ин вазъ эҳтиром аз байн рафта, дар дили кӯдакон нисбат ба калонсолон ҳисси тарс пайдо мешавад. Тарс дар вуҷуди кӯдак самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонию дилсӯзӣ ва боварию эътимодро дур мекунад.

Он оилае, ки фарзанд дошта, тарбия карда тавонад, оилаи мукаммал ҳисобида мешавад. Фарзанд боиси хушбахтии падару модар мебошад, ҳар чӣ қадар гирди дастархон фарзандони зиёде ҷамъоянд, ҳамон қадар хурсандии зиёд  оиларо  фаро  мегирад.  Аммо тарбияи дурустии кӯдак аз падару модар вобаста аст, сарчашмаи тарбияи кӯдак ин оила мебошад. Тарбияи кӯдак дар оила кори саҳл нест.  Маърифати баландии оиладорӣ сабру таҳаммулро тақозо мекунад, ки волидон аз илми равоншиносӣ бархурдор бошанд.  Якдигарфаҳмии оилавӣ дар тарбияи кӯдак нақши муҳимро мебозад. Бояд зикр кард,  ки дар оила ҳуқуқӣ зану шавҳар баробар дониста шавад. Пӯшида нест, ки агар сардори оила-падар, бо дӯғу пӯписа гапи худро гузаронад, сабаби нофаҳмиҳо ва боиси хафагии оила мегардад.  Дар ин вазъ эҳтиром аз байн рафта, дар дили кӯдакон нисбат ба калонсолон ҳисси тарс пайдо мешавад. Тарс  дар кӯдак самимият,  ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонию дилсӯзӣ ва боварию эътимодро дур мекунад.

Кӯдак дар инкишофи худ тамоми муносибатҳои падару модарро назорат менамояд. Ин муносибатҳо хоҳ нек, хоҳ бад, барои  ӯ ҳамчун намунаи ибрат мешавад. Ӯ худ шоҳид мегардад, ки низоъҳои волидайн ҳаллу фасл мегарданд ва кадом сифатҳо: дағалӣ, дурӯягӣ, дурӯғгӯӣ ё меҳрубонӣ, эҳтироми ҳамдигар дар оила бештар арзиш доранд. Маҳз чунин хислатҳои оилавӣ ба кӯдак таъсири худро расонида, минбаъд ҳосили дар он таҷассум мегардад, ки чӣ гуна онро киштаанд ва парваридаанд.

Пас месазад, ки кӯдаконро дар рӯҳияи муҳаббату самимият ва садоқат тарбия намоем.

Шаҳноза АБДУЛЛОЕВА,
мутахассиси шӯъбаи САҲШ-и
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh