Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бинову иншооти ёрирасони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат, шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимии ҳайати шахсӣ ба талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Дар ин раванд, аз ҷумла дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои таълимӣ ва анборҳои маводи хурока бунёд карда шуд, ки дар расми ифтитоҳи иншооти нав вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва роҳбарияти шаҳри Исфара иштирок намуданд.

Бинои таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ, тайёрии ҷангӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун пешбинӣ гардида, аз 11 синфхона ва утоқҳои корӣ иборат мебошад ва ҳамаи синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ ҷиҳозонида шудааст. Анборхонаҳо бошад, мувофиқ ба қоидаҳои мавҷудаи нигаҳдории маводи хӯрока бунёд гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh