Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам....

Имрӯзҳо дар қаламрави кишвари азизамон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад. Бо мақсади хубу хотирмон истиқбол гирифтани ин санаи фархунда дар ноҳияи Деваштич низ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Оид ба рафти корҳои сохтмонию ободонӣ ҳамроҳи раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода аз якчанд иншооти сохташаванда дидан намудем. Бино ба гуфти раис бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохтмони хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой, ки барои рушди иқтисодии ноҳия аҳамияти калон дорад, оғоз гардид, ки дарозии он мувофиқи лоиҳа 33,4 километр буда, дар масофаи умумии 31 километр об бе истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Арзиши лоиҳа 64 миллион сомонӣ мебошад,- гуфт номбурда.

Ҳамзамон, иншооти дигаре, ки сокинон ба бунёди он ниёз доранд, бинои таваллудхонаи марказӣ мебошад. Он барои 100 кат пешбинӣ гардида, аз шуъбаҳои таваллуду физиологӣ, аворизи ҳомиладорӣ, амрози занона, навзодон ва қабул иборат аст. Сохтмони бинои дуошёна аз соли 1991 то соли 1995 идома ёфта, сипас муваққатан боздошта шуда буд. Айни ҳол 85 фоизи корҳо дар ин иншоот ба анҷом расидаанд.

Соҳибкори муваффақ, сокини деҳаи Далёни Поёни Ҷамоати деҳоти Далён Садрӣ Файзиев ба маблағи 1 миллиону 217 ҳазор сомонӣ барои 40 кат беморхонаи нав сохта истодааст, ки он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона, касалиҳои дарунӣ ва бачагонаро дарбар мегирад.

Инчунин, бинои нави дуошёнаи нозироти андози ноҳия аз 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад ва бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Дар деҳаи Яхтани Ҷамоати деҳоти Яхтан бошад, муассисаи томактабӣ барои 240 кӯдак, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бо нимпайкараи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов ва маркази саломатӣ бунёд гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 - и деҳа куллан таъмиру навсозӣ хоҳад шуд.

Ҳоло таъмиру мумфаршкунии қисмати роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон - Чаноқ то маркази ноҳия - шаҳраки Ғончӣ оғоз гардидааст. Дарозии он 16,4 километр, паҳноияш 8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10 метр аст. Роҳ аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 25 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ гардида, ҳамчунин, чароғонкунии маҳаллаҳои аҳолишини назди роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯзҳо дар ноҳия даҳҳо иншооти маърифатӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ ба воситаи ҳашару саҳмгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бунёд гардида истодааст. Дар арафаи таҷлили 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳои Хуштоири Мухлон, Далён ва Метк се Маркази саломатӣ бунёд гардид. Бинои Маркази саломатии деҳаи Хуштоири Мухлон ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз 7 ҳуҷраи корӣ, хонаи хатна, таваллудхона ва қабулгоҳ иборат аст.

Соҳибкор Тӯйчӣ Абдуллоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, ба номи Исматулло Юлдошеви деҳаи Зарнисорро таъмир намуд, ки он аз соли 1983 то ин замон рӯи таъмирро надида буд. Саҳни роҳрави мактаб ба масоҳати 124 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, дарвозаи он куллан нав, гирди он панҷарабандӣ ва бино пурра рангубор шуда, фарши толори варзиш, ҳуҷраи таълими меҳнат, як синфхона, хуҷраи шоҳмот ва ошхона пурра таъмир гардиданд.

Раванди ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистон, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, таъмиру таҷдиди роҳ, кашидани хатҳои обу барқ ва сохтмони иншооти дигари иҷтимоию фарҳангӣ, ки вусъати тоза касб намудаанд, аз эҳсоси баланди ватандӯстии сокинони ноҳия дарак медиҳанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд-Деваштич –Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh