Роҳнамои вазифа ва асолати касбӣ

Дар ҳама давру замон давлат ва миллате, ки рӯ ба илму маориф оварда, ба ташаккули маърифати зеҳнии мардум таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ комёб мегардад. Аз ин лиҳоз, дар ҳама ҳолат илмро аз муҳимтарин ва заруртарин омил дар ҳаёти инсон мешуморад ва барои ҳар фард ҳамчун роҳнамо дар зиндагӣ ва кору фаъолият мавқеъ мегирад.

Бо камоли мамнунӣ ва ифтихормандӣ зикр намудан гуворост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд ва дар маросими ифтитоҳи бинои Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил дар назди аҳли зиё ва фаъолон суханронӣ намуда, баробари зикри дастовардҳои соҳаи маориф ва илм таъкид намуданд, ки «Ман дар сиёсати худ соҳаи маориф ва илми кишварро дар мадди аввал гузоштаам.

Аз ин лиҳоз, ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар ҳар сафарҳои кориам дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор медиҳам. Зеро Тоҷикистон ва ягон мамлакати дунё бе илму маориф ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба муваффақиятҳо ноил гардида наметавонад». Воқеан ҳам сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва иқдомҳои шоистаи Президенти мамлакатамон барои рушди босуботи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум таъсири мусбат мерасонад.

Бо дарки муҳиммияти илму фарҳанг ва ҷалби оммаи васеи мардум ба китобхонию донишандӯзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ҷидду ҷаҳд дар пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон илму маорифро дар таърихи начандон дури кишвари соҳибистиқлол ба сатҳе боло бардоштанд, ки ҷавонону наврасон дар зинаҳои гуногуни таълиму тарбия: кӯдакистонҳо, мактабҳои маълумоти миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ сабақ гиранд.

Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили ин соҳа хеле хуб арзёбӣ гардид ва зикр намуданд: «Танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 86 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 21 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои 3400 нафар хонанда ба маблағи умумии 325 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша то охири соли равон дар вилоят боз 47 иншооти нави соҳаи маориф бо муҳайё сохтани 7 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида мешавад». Таваҷҷуҳ намудани Сарвари давлат ба рушди илму маърифат дар замони муосири кишварамон бозгӯи он аст, ки аз мардуми бофарҳанг, махсусан, ҷавонони даврони истиқлол умедҳои калон доранд.

Дар ҳама ҳолат ҷавононро ҳидоят менамоянд, то ки онҳо аз таърихи гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик ва мутафаккирони барҷастаи он огоҳ ва аз мероси гаронбаҳои онҳо бархурдор бошанд, шоҳасарҳои тарбиявию ахлоқии маърифатпарварони тоҷикро дар таҷрибаи ҳаётӣ ва кору фаъолияти хеш васеъ истифода намоянд ва барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маориф нақши пешбарандаву созгор гузоранд.

Сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва дастуру супоришҳояшон дар назди мақомоти давлативу муассисаҳои таълимӣ ва аҳли зиёву фаъолон ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ раванди пурвусъат касб менамоянд ва моро ҳамчун узви ҷомеа бори дигар водор месозанд, ки масъулияти бузургро дар кори таълиму тарбия ва беҳтар намудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ дар кишвар эҳсос карда, рисолату вазифаи шоистае ба ҷо оварем.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,
номзади илмҳои фалсафа,
сардори Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh