Дар шаҳри Гулистон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Гулистон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Рӯзи 2 ноябр роҳбарияти шаҳри Гулистон дар маҳалли бунёди майдони Парчами давлатӣ лоиҳаи иншоотро ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муаррифӣ намуданд. Тибқи лоиҳа дар майдони Парчами давлатӣ фаввораву нишастгоҳҳои муосир сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри соҳили Баҳри тоҷик шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба лоиҳакашону меъморон супориш дод, ки лоиҳаи мазкур мавриди коркард қарор дода шавад. Дар ин замина ба роҳбарияти шаҳр низ дастур дода шуд, ки барои ободонии муҳити атроф, шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва таъмири иншооти ҳудуди майдони бунёдшаванда тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Сипас, Раиси вилоят аз бинои муассисаи томактабии “Дилноз” - и шаҳр боздид намуд. Бинои кӯдакистон ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта бунёд ёфта, давоми даҳ соли охир аз фаъолият боз мондааст. Кӯдакистони мазкур, ки хусусӣ гардонида шуда буд, ҳамакнун ба тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллӣ гузаронида шуда, ба таъмиру таҷдид фаро гирифта мешавад.

Дар аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон 9 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1560 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 900 нафари дигар барои дохил шудан ба кӯдакистонҳо дар навбатанд, ки танҳо дар маркази шаҳр ин шумора беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад. Баробари таҷдиду навсозии кӯдакистони мазкур эҳтиёҷоти маркази шаҳри Гулистон ба пуррагӣ бартараф карда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh