Дар ноҳияи Деваштич сохтмони биноҳои таваллудхонаи марказӣ, нозироти андоз, маркази адлия ва раёсати молия идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар маркази ноҳия бо рафти бунёди бинои таваллудхонаи марказӣ шинос шуд.

Таваллудхонаи марказии ноҳияи Деваштич, ки сохтмонаш нотамом боқӣ монда буд, бо 100 кат ва тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 84 ҳуҷра иборат буда, барои 100 кати беморӣ пешбинӣ шудааст. Бо ба анҷомрасии корҳои сохтмонӣ тамоми утоқҳо бо навтарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Бинои Нозироти андози ноҳияи Деваштич аз ҷумлаи дигар иншооти ҷашниест, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд. Иншооти мазкур бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои кормандони нозирот шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, бинои сохташаванда аз ду ошёна  ва таҳхона иборат буда, дорои 10 утоқӣ корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони бинои Маркази адлия, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст, ошно шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои мазкур барои кормандони се сохтор - иҷрочиёни суд, САҲШ ва нотариалии давлатӣ шароити мусоиди кору хизматрасонӣ муҳайё карда мешавад. Мувофиқи лоиҳа бино аз се ошёна иборат буда, дар назар аст, ки он то соли 2019 ба истифода дода шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон рафти бунёди бинои маъмурии Раёсати молияи ноҳияро мавриди назар қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh