Мушкилоти истгоҳ: Кай ҳал мегардад?

Пас аз ҳаракати автобус дар хатсайрҳо мардум изҳори хушнудӣ карданд, зеро он имкони гирифтани миқдори зиёди мусофиронро дорад. Нархи он нисбат ба микроавтобус арзон буда, алҳол 100 автобус дар 6 хатсайр фаъолият мебарад. Аз 8 ноябри соли равон мусофирон тариқи гирифтани чипта аз автобус истифода бурда истодаанд.

Малика Домуллоева – сокини шаҳри Бӯстон: - Фаъолияти автобус бароям ҳодисаи фараҳбахш буд, зеро пас аз гарон шудани нархи хизматрасонии микроавтобус ғамгин гаштам. Имрӯз бо автобус то донишгоҳ бо нархи арзон меравам, вале дар ҳар «як сари қадам» манъ кардани автобус маро парешон месозад. Шояд аз набудани истгоҳ ҳолат чунин бошад?

Бароти Муҳаммад – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: - Автобус ҳусни кӯчаҳои шаҳрро зебо гардонидаасту барои гирифтани миқдори зиёди мусофирон имконияти хуб дорад. Вале дар баъзе маврид аз фаъолияти ронандагони автобус норозӣ ҳастам. Вақте дар роҳ ягон мусофир манъ намояд, бечунучаро таваққуф мекунад, аммо дар ҷойи зарурӣ кондуктор «Дар истгоҳ манъ мекунем, ин ҷо мумкин нест», - гӯён ҷавоб медиҳад.

Тибқи маълумоти роҳбарияти Корхонаи воҳиди коммуналии мусофиркашони шаҳр аз рӯи лоиҳаи «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд», ки сармоягузор Бонки Аврупоии «Таҷдид ва Рушд» мебошад, маблағ барои сохтмон, азнавсозии базаи истеҳсолӣ, хариди автобус, таҷҳизоти техникӣ аз ҷумла, чипта, кортҳои пластикӣ ва компютер барои назорати кори автобусҳо ҷудо шудааст.

Мавҷуд набудани истгоҳ ба фаъолияти ронандагон мушкилӣ эҷод мекунад. Истгоҳҳо таъмирталаб ва баъзеашонро ҳамчун маркази савдо хусусӣ кардаанд. Азбаски истгоҳ нест, ронанда маҷбур аст, дар ҷойи номуайян нақлиётро нигоҳ дорад. Барои бартараф кардани нофаҳмиҳо мо борҳо бо ронандагон суҳбат кардаем, ки дар фосилаи 400-500 метр, дар ҷойи бехатар автобусро манъ кунанд. Кай истгоҳ сад фисад таъмир гардад, он вақт ронандагон аз он ба пуррагӣ истифода мебаранд, - гуфт роҳбари лоиҳа.

Фахриддин Умаров – сармутахассиси шуъбаи меъмории шаҳр гуфт, ки истгоҳҳо пурра азнавсозӣ шуда истодаанд. Давоми се сол бояд зиёда аз 150 истгоҳ дар шаҳр сохта шавад. Истгоҳҳои кӯҳна аз нав барқарор карда шуда, харита, нақшаи маршрут, нуқтаи хизматрасонии техникиро дарбар мегиранд. Умед дорем, ки баъди барқарор ва таъмири истгоҳҳо фаъолият дар ин самт танзим меёбад.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh